Дар хизмати аскарӣ будам, ки ба сари оилаамон фоҷиаи сахт омад. Падару хоҳарам аз дунё гузаштанду модарам маъюб гашт. Барои гӯру чӯб кардани азизони шаҳидгаштаам маро аз хизмат ҷавоб доданд.
Бо чашми гирёну дили нолон падару хоҳари дар хун ғарқамро ба хок супурда, барои кашидани аробаи зиндагӣ подабон шудам. Модарамро холаам дар хонаи худамон ҳамроҳи духтараш нигоҳубин мекард. Як рўз ҳамроҳи духтархолаам сари чашма обгирӣ рафтем. Духтарони зиёде бо навбат сатилҳояшонро пур мекарданд. Духтари холаам сатилҳояшро ба замин монд ва лабашро бурма карда гуфт: «Ҷонбезор шудам аз маслуқи холаамро бонӣ кардан, кай мемурда бошад, ки халос шавам…»
Бо шунидани ин суханҳои нешдори духтархолаам ашк дар чашмонам ҳалқа заданд. Мехостам гулӯяшро бӯғӣ карда кушам, вале дар назди ҳамсояҳо бо ӯ сар ба сар шуданро ба худ эб надида гуфтам: модари ман бесоҳиб нест, шукри Худо фарзанд дорад. Касалбонӣ дар дилат зада бошад, метавонӣ худи ҳозир ба хонаатон равӣ, ман худам модарамро нигоҳубин мекунам! Хешдухтари бефаросатам боз даҳони бефаровезашро кушода, дар ҳаққи модарам гапҳои пасту баланди зиёде заду ҳарду ҷанҷол шудем. Хориам омад, ки ҷиянаш дар назди мардум модари маро ин қадар носазо мегӯяд, ҳарчанд кӯшиш мекардам, оби дидаамро нигоҳ дошта наметавонистам. Марҷонаном зебосанам, ки духтари яке аз ҳамсояҳои сарватмандамон буд, оби дидаи маро дида гуфт: «Насим, ба хонаамон хостгор фиристода, маро ба занӣ бигир, модаратро мисли гавҳараки чашмонам нигоҳубин мекунам. Ин суханони Марҷонааро шӯхӣ пиндоштам, вале вақти рафтан вай таъкид кард, ки ҳатман бегоҳ ба хонаашон биёям. Падараш маро хуб қабул кард ва аз ҳисоби худаш тӯю тамошо ороста, Марҷонароба ман никоҳ карда дод.
Инак, нуҳ сол мешавад, ки риштаи тақдири мани камбағал бо ин бойдухтари меҳрубон пайванд аст. Духтарчаи калониамон дар синфи якум мехонаду фарзанди дуюмамон 4-сола аст. Дар тули ҳамин қадар сол ягон бор гапамон нагурехтааст. Ҳамсарам ба қавлаш вафо карда, модарамро мисли модари худаш нигоҳубин мекунад, хўрокашро сари вақт пухта мехӯронад, либосҳояшро мешўяд…
Ман аз занам аз замин то осмон миннатдорам ва ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки бо худӣ не, бо бегона хонадор шаванд!
Насимҷон, аз Варзоб