Боронҳои пуршиддати рӯзҳои охир сокинони пойтахти кишвар - шаҳри Душанберо низ ба ташвиш овард.
КҲФ аз гузоришҳои расида ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР
Тавре зикр мегардад, 10-уми майи соли 2024 дар натиҷаи боридани боронҳои пуршидат оби селроҳаи Қаротегин лабрез гардида, ба роҳи автомобилгарди кӯчаи Айнӣ ворид шуд. Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада бо истифода аз 9 адад техникаи Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия роҳ тоза карда шуд.
Тахминан соати 20:51 дақиқа дар маҳалаи Бӯстон сатҳи оби селроҳаи Қаротегин дубора баланд гардида, ба саҳни ҳавлии шаҳрвандон ва роҳи мошингарди маҳаллаи мазкур, роҳи мошингарди кӯчаи Айнӣ (шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат) ворид шуда, ҳаракати нақлиётро муваққатан номумкин кард. Ҳолати баамаломада аз ҷониби сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур пурра бартараф гардид.
НОҲИЯИ И. СОМОНӢ
10-уми майи соли 2024 дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ва боридани борони пуршиддат дар кӯчаи Шӯраксой, хонаи №486, дарахти чанор ба болои айвони шаҳрванд Замира Раҷабова чаппа шуд. Ҳолати баамаломада бо қувваи аҳолии кӯчаи мазкур бартараф карда шуд. Талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар хиёбони Рӯдакӣ, назди корхонаи ҶДММ «Сементи Тоҷик» дар роҳи мошингузар об ва лой баромада, муваққатан ҳаракати автомашинаҳоро халалдор кард.
Аз ҷониби Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ва Раёсати обёрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳолати баамаломада бартараф карда шуд.
Дар маҳаллаи Варзоб ГЭС, кӯчаи Навабод, сатҳи оби селпартои маҳаллаи мазкур баланд гардида, дар натиҷа пули одамгузар бо пуррагӣ вайрон гардид.
Дар саршавии маҳаллаи Кӯҳдомани кӯчаи Анзоб такшингоҳҳои Қиблаӣ ва Қамчин мавҷуд буда, обҳо аз талу теппаҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷорӣ шуда, тавассути селпартои Анзоб мегузаранд. Дар натиҷаи боришоти борони пуршиддат такшингоҳҳои мазкур аз обу лой пур шуда, эҳтимолияти рахнашавии онҳоро ба миён овард.
Бо мақсади бехатарии истиқоматкунандагони кӯчаи мазкур аз тарафи намояндагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва МД «Раёсати обёрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» аҳолии кӯчаи мазкур, ки дар назди ин селроҳа истиқомат мекунанд (105 нафар шаҳрвандон ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳои хешовандонашон) муваққатан эвакуатсия карда шуданд. Ҳолати баамаломада таҳти назорати сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, корҳои бехавфгардонии такшингоҳҳо идома дорад.
Инчунин, бинобар сабаби боришоти борон ва омадани сел дар дарёи Харангон сутунҳои пули мошингузари кӯчаи Алхитой, маҳаллаи Сабзазор, ки дар шафати истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Орзу”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, зарар дида, як қисмати болоии он фурӯ рафта, тахминан ба 15-20 метри садди обгузари шаҳраки таълимии Харангони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе зарари ҷиддӣ расонд. Айни замон пули мазкур пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, барои рафтуомади аҳолӣ мушкилиҳоро ба миён овардааст.
Ҳамзамон, дар натиҷаи баландшавии оби дарёи Харангон дар маҳаллаи Сабзазор, кӯчаи Алхитой, соҳилҳои дарё дар шафати хонаҳои истиқоматӣ (инчунин масҷиди маҳалла) зарар дидаанд. Аз ҷониби Раёсати сохтмони роҳу пулҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо воситаи 5 автомашинаи боркаши “Дулан” омехтаҳои бетону шағал кашонида шуда, барои бехатар намудани маҷрои об ва мустаҳкам намудани соҳили дарё хобонида шуд.
Ғайр аз ин, дар натиҷаи боришоти зиёд сатҳи оби дарёи Варзоб ва селгузари Дуғоба баланд гардида, хатари шусташавии соҳили чапи дарёро дар рӯ ба рӯи СНБО-Варзоб №1 ва роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд ба миён овард. Ҷиҳати бехатарии роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд дар мавзеи зикргардида қувва ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Раёсати сохтмони роҳу пулҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати сохтмонӣ барои бартараф кардани ҳолати бамиёномада сафарбар шуд.
НОҲИЯИ СИНО
10-уми майи соли 2024 дар таҳхонаи бинои афсарони Гвардияи миллӣ воқеъ дар маҳаллаи Ҳуснободи ноҳияи Сино тақрибан 40-50 см об ворид гардида буд. Ҳолати баамаломада аз ҷониби гурӯҳи Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат бо истифода аз насосҳои обкашонӣ бартараф карда шуд.
Илова бар ин, дар натиҷаи борони пуршидат оби сел ба зери пули дуқабатаи мошингузар воқеъ дар кӯчаи Н. Махсум тахминан 50-60 см ҷамъ гардида буд.
Аз ҷониби Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе якҷо бо сохторҳои дахлдори ноҳия ҳолати баамаломада бартараф гардид.
НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
Рӯзҳои 10-11-уми майи соли 2024 дар таҳхонаи бинои истиқоматии №76 воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ тақрибан 1 метр об ворид гардидааст.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.
- Гуфтанист, ки ҳодисаҳои ёдшуда дар қаламрави Душанбе талафоти ҷонӣ надоштанд ва ҳаҷми зарари расида аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе муайян карда мешавад,- меафзояд КҲФ.