tobiston
Бонувони кордоне, ки бе кумак ва дастгирии касе миллиардер шудаанд
54

Маҷаллаи Forbes рӯйхати 50 нафар бонувони сарватманди ҷаҳонро нашр намудааст, ки сармояи ҳар яки онҳо миллиардҳо долларро ташкил медиҳад. Аз ҳама ҷолибаш он аст, ки ин занҳои оқилаву кордон бе кумак ва дастгирии дигарон, танҳо бо истифода аз ақлу заковати худ миллиардер шуда, соҳиби шуҳрату ном ва обрӯю нуфузи зиёде гаштаанд.

Инак, мо шуморо бо 5 нафар занҳои миллиардер шинос мекунем, ки номашон дар сархати рӯйхати бонувони сарватманди ҷаҳон қарор дорад:

1. Рафаэла Апонте-Диамант аз Швейтсария. Ин зан 80-сола буда, тибқи маълумоти Forbes дороияш $38,8 миллиард доллар мебошад. Рафаэла ва шавҳараш соҳиби Mediterranean Shipping Company ҳастанд.

2. Диана Хендрикс аз ИМА. Дороии ин зани 78-сола $22,3 млрд аст. Диана асосгузор ва соҳиби ширкати овозадори ABC Supply мебошад, ки масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мекунад.

3. Чжун Хуэйтзюан аз Чин. Сарвати ин зани 64-сола $15,6 млрд буда, бунёдгузори ширкати дорусозии Hansoh Pharmaceuticals мебошад.

4. Чжоу Тзюнфэй аз Гонконг. Дороии ин зани 55-сола $10 млрд буда, ширкаташ Lens Technology ба истеҳсоли экран барои смартфонҳо машғул аст.

5. Дениз Коутс аз Британияи Кабир. Сарвати ин зани 57-сола $8,5 млрд буда, ҳамроҳи бародараш ширкати Bet365-ро сарварӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД