Бозигарони тими “Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин бозиашон дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC-2024/2025 аз тими “Шарҷа”-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд.
Ин бозии даври аввали гурӯҳи “С” шаби сешанбеи 17-уми сентябр бо ҳузури зиёда аз 10 000 тамошобин дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Голи ягонаро Муҳаммад Фирас Бен Арбӣ дар дақиқаи 72-юм зад.
Алишер Тухтаев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии “Истиқлол”, дар нишасти хабарии пас аз бозӣ гуфт, дар умум бозии дастаи мо бад набуд, зеро дар ҳарду қисми вохӯрӣ ҳолатҳои хуби голзанӣ доштем, аммо бахт ба рӯямон нахандид.
“Агар лаҳзаҳои голзанӣ истифода мешуданд, бозӣ ранги дигар мегирифт. Мутаассифона, чунин нашуд. Даври аввал аст, мусобиқа нав оғоз шуд, ҳама чиз ҳоло дар пеш аст. Бозиро таҳлил намуда, сари камбудиҳо кор мекунем ва ба бозии оянда тайёрӣ мебинем”, - гуфт сармураббӣ
Дар даври дуюми мусобиқот, ки рӯзи сешанбеи 1-уми октябр барпо мегардад, «Истиқлол» дар сафар бо «Сипоҳон»-и Эрон рақобат мекунанд.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ҳамроҳ бо “Истиқлол” дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони кишвар, намояндагӣ мекунад. “Равшан” дар гурӯҳи “А” нахустин бозиашро имрӯз дар меҳмонӣ бо тими “Моҳун Баган” баргузор мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Калкутта соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Бояд гуфт, ки мусобиқаҳо дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё зӯртарин тими футболи Осиё иштирок намояд.