Sebiston new 2024 october
Бо шавҳари бадрашкам оштӣ кунам?
09.10.2022
ОИЛА
1868


Шавҳарамро дӯст дошта, оила бунёд намудам. Мурод маро сахт дӯст медошт, инро эҳсос мекардам. Муҳаббаташро бо рафтору гуфтор ҳар лаҳза иброз менамуд.

Қабл аз он ки таги чодари арӯсӣ равем, ним сол бо якдигар шинос будем. Хислаташ хеле вазнин буд, рашки сахт дошту қариб ба касе бовар намекард. Мегуфт, ки тамоми занҳо хиёнаткору мардҳо бошанд, палиданд. Ҳар қадамамро назорат намуда, ба ягон ҷо рафтан намемонд. Барои он ки дилаш ором шавад, пеш аз тӯй корамро партофта, ягон коре намекардам, ки боиси рашку нобоварияш гардад. Баъди тӯй ба ягон ҷо рафтан намемонд, сахт рашк мекард, ҳатто ба хонаи волидонам намерафтам. Ҳар боре гапамон мегурехт, маро фоҳишаву аҳлу авлодамро фосиқ номида, дар сари қаҳр ба як марди ҷоҳил мубаддал мегашт.

Давоми 2 моҳи оиладорӣ 2-3 бор ба сарам мушт ҳам бардошт. Баъди ором шуданаш дарҳол узр пурсида, боз эрка мекард. Чунин аҳволро танҳо 2 моҳ тоқат карда тавонистам. Баъди он ки ба хонаамон омадам, рӯзҳои аз сарам гузаштаро ба ёд оварда, дарк менамоям, ки одами солим чунин рафтор намекунад. Азбаски шавҳарамро сахт дӯст медорам, хостам гуноҳашро бахшида, зиндагиамро давом диҳам, вале наздиконам зид баромаданд.

Ҳоло барои ба худ омадан боз ба кор баромадам, вале наметавонам шавҳарамро фаромӯш кунам. Чӣ кор карданамро намедонам. Ба фикри шумо бо чунин мард зистанамро давом диҳам?

Н.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД