Ман Мусаева Ситора, соли таваллудам 1986, сокини ноҳияи Кӯшониён ҳастам. Аз шавҳари якумам бо ду фарзанд ҷудо шудаам. Бори дувум оиладор шуда, соҳиби ду фарзанди дигар шуда бошем ҳам, волидони шавҳарам маро ҳеҷ қабул накарданд.
Онҳо барқасди ман писарашон, яъне шавҳарамро оиладор карданд. Ҳоло ҳамроҳи се фарзандам дар хонаи падару модарам зиндагӣ мекунам. Як фарзанди дигарам ҳамроҳи шавҳари якумам зиндагӣ дорад. Шавҳари дувумам гоҳ-гоҳ ба хабаргирии фарзандонаш меояд.
Дар умум, қариб, ки ба мо кӯмак намерасонад. Вазъи зиндагиамон беҳад бад аст. Падарам зиндагии худашонро ба зӯр пеш мебаранд, боз ману фарзандонам ба он кас дарди сар шудаем. Аз нафарони хайрхоҳу саховатпеша хоҳиш мекунам, ки ману фарзандонамро дар ин фасли сармо дастгирӣ кунанд. Ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ дорем. Рақами телефон: 907844342