Arzon march 2024
БО СЕ КӮДАК АЗ ДАР БЕРУН ШУДАМ!
23.09.2020
Р. Азимӣ
7354

 

Шавҳарам дар идорае кор мекунад. Мо соҳиби се фарзанд шуда, аз ҳамдигар ягон шиква надоштем. Вале як духтари бероҳа зиндагии ширинамонро талх гардонд. Вақтҳои охир эҳсос мекардам, ки шавҳарам рӯз то рӯз нисбати оилаву фарзанд бемеҳр шуда истодааст.

Аз кор дер меомад, барои дупула гап ҷанҷол мекард, кораш танҳо телефонбозӣ шуда буд. Соатҳои дароз бо ким-киҳо гап мезад, вале мани сода ягон бор рашк намекардам, аниқтараш ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки ин мардаки ман ба ягон зани дигар лозим аст. Шабе тасодуфан бедор шуда дидам, ки шавҳарам дар паҳлӯям нест, оҳиста аз бистари хоб бархостам. Ба гӯшам аз берун садои пичир-пичиркунон бо касе суҳбат кардани мардакам расид. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту ноаён ба айвон баромада гӯш додам. Шавҳарам касеро зорӣ мекард, ки сирри дар байни ҳардуяшон бударо ба раисаш нагӯяд. Диламро гургон тала карданд, ки чӣ ҳодиса рӯй дода бошад ва гӯшу ҳуш гаштам. “Пул, мол, зару зевар, ҳарчи хоҳӣ медиҳам, фақат маро ба ҳолам гузор.

Дигар маро шантаж накун”,- мегуфт шавҳарам, вале аз афташ ҳамсуҳбаташ ҳеҷ розӣ намешуд. Ниҳоят мардакам “майлаш, пагоҳ во мехӯрем” гӯён, телефонро хомӯш кард. Аз вай пештар ба ҷогаҳ даромада худро масти хоб вонамуд кардам, вале дигар то саҳар мижа таҳ карда натавонистам. Тоқатам тоқ шуда субҳ ба мардакам гуфтам, ки суҳбати шабонаашро бо ду гӯши худ шунидам ва кӣ будани он шантажистро пурсон шудам. Аввал гапро ба дигар тараф бурдан хост, вале якравии маро дида иқрор шуд, ки ҷӯраҳояш ӯро бо як духтари бероҳаи 19- сола шинос кардаанд ва акнун он фоҳиша мисли сақич ба вай часпида гирифтааст. “Таҳдид кард, ки агар ӯро ба занӣ нагирам, ба назди раисамон рафта, шармандагии маро мебарорад, маҷбур шуда никоҳ кардам. Акнун ба ҷону ҳолам намонда шантаж карда истодааст, ки ба хубӣ аз занат ҷудо нашавӣ, туро натанҳо дар назди сардору ҳамкоронат, балки дар пеши хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳоятон низ расвою шармсор мекунам”,- оҳи сард кашида, қисса кард шавҳарам. Ин гапро шунида хун ба сарам зад ва ба рӯяш туф карда, баромада омадам. Як ҳафта мешавад, ки бо се фарзанди хурдсолам дар хонаи падарам зиндагӣ карда истодаам.

Илтимос, ба ман маслиҳат, диҳед, аз шавҳари дузанаам ҷудо шавам ё гуноҳашро бахшаму ҷазои он духтари шавҳардуздро диҳам?

Саодат, н. Рӯдакӣ

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД