Formula novemver 2024
БО КАДОМ АРӮСАМ ОИЛАДОР ШАВАМ?
27.08.2021
Оила
2851

Иқрор мешавам, ки бачаи арӯсбоз ҳастам. Яку якбора бо се духтар ишқварзӣ мекардам. Онҳо маро чунон дӯст медоштанд, ки агар як рӯз набинанд ё садоямро нашунаванд, хобашон намебурду беқарор мешуданд.

Ман ҳам сирро бой надода, ба гӯши ҳар кадомашон афсонаи ишқу муҳаббат мехондам ва онҳо низ ғофил аз он ки ман як бачаи булҳавасу арӯсбоз ҳастам, ба суханҳоям бовар мекарданд. Маҳиноз, маъшуқаи якумам дид, ки ман корро кашол дода, ба хонаашон хостгор нафиристода истодаам, ба умеди ман нашуда, ба шавҳар баромад. Аммо ин дуи дигар мисли шулук ба ман часпида буданду ҳеҷ раҳоям кардан намехостанд. Мисле ки мусобиқа мекарда бошанд, бо навбат ба телефонам пул гузаронида, маро ба вохӯрӣ даъват мекарданду ба тарабхонаҳо бурда, зиёфат медоданд. Донишҷӯ, ки будам,-зуд-зуд бепул мемондам. Боре ба ҳар ду арӯсам занг зада, номаълумакак фаҳмондам, ки сахт бепул мондаам. Субҳи рӯзи дигар ҳардуяш 200-300 сомонӣ оварда, ба дастам доданду гуфтанд, ки агар боз лозим шуда монад, шарм надошта, пурсидан гирам. Ман бо ин пули бе дарди миён имтиҳонамро харида, боқимондаашро ҳамроҳи ҳамкурсонам сарфи айшу нӯш кардам. Баъди ин, Гулрухсору Ҷонона зуд-зуд ба ман пул дода, ҳар кадоме кӯшиш мекард, ки маро аз они худ кунад. Ҷонона духтари директори як бозор буд ва дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашид. Ӯ тамоми дороияшро ба пои ман мерехт, то ӯро ба занӣ бигирам.

Гулрухсор низ худро аз Ҷонона кам надониста, тилловориҳояшро фурӯхта, ҳаққи маро меовард ва диламро ба худаш гарм кардан мехост. Донишгоҳро як бало карда, бо кӯмаки арӯсҳоям тамом кардам. Ҳоло дар ягон ҷо кор намекунам, пасандозе ҳам надорам. Фикри он ки кадом маъшуқаамро ба занӣ гирам, маро азоб дода истодааст. Агар якеро ба занӣ гирам, дигарӣ балоеро ба сар карда метавонад. Метарсам, ки омада, тӯямро вайрон мекунад. Агар аз баҳри ҳардуяш гузарам, аниқ онҳо қиёматро қоим мекунанд. Аз хонандагони “Оила” хоҳиш мекунам, ки ба ман маслиҳат диҳанд.

Маҷид, аз ш.Душанбе

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД