Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд мактабу кӯдакистон ва беморхонаҳои нав ифтитоҳ гашта, ҳамзамон чандин корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён кӯдакистони “Суғдиён” ифтитоҳ гардидааст, ки барои 300 кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар шаҳраки Бӯстон бошад, бинои иловагии кӯдакистони давлатии №1, ки 180 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд, ба истифода дода шуд. Президенти кишвар ҳамчунин ба таври фосилавӣ дар деҳаи Фирдавсии ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави кӯдакистони №5-ро ифтитоҳ намуданд, ки аз 3 ошёна иборат буда, барои 480 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар Мастчоҳ бо иштироки Сарвари давлат корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии “Ҷаъфар-2014” ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар як шабонарӯз 80 ҳазор дона хишти пухта истеҳсол менамояд.