Дар Италия марде барои ваксинагирӣ ба беморхона бо дасти сунъӣ рафтааст. Тавре “The Guardian” хабар медиҳад, марди итолиёвӣ ҳангоми гузаронидани сӯзандору дасти сунъияшро барои эмгузаронӣ пешниҳод намуда, соҳиби сертификат оиди ваксинагирӣ шудан мехост. Ҳодисаи мазкур баъд аз як ҳафтае рух дод, ки дар Итолиё эълон оиди манъ будани ширкати нафарони ваксинанашуда дар чорабиниҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва варзишӣ расонаӣ гашта буд. Вақте ки корманди тиб сунъӣ будани дасти марди 50-соларо ошкор намуд, нақшаҳои мард барбод рафт. Ҳодисаи мазкур дарҳол расонаӣ гашта, акнун барои рафтори худ ин мард дар назди суд ҷавоб мегӯяд.