Имрӯзҳо як гурӯҳи шаҳрвандон тавассути шабакаҳои “Instagram”, “Telegram”, “YouTube” ва мессенҷерҳои иҷтимоӣ каналҳои худро кушода, бо истифода аз шабакаҳои мазкур ба пахши видеову намоишҳо ва ҳар гуна бозиҳои бурднок машғул гардида, бо ин роҳ даромад ба даст меоранд.
Бино ба иттилои мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар мақомоти андоз 91 адад субъекти соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ ва пахши видео-роликҳо машғуланд, ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Мутобиқи эъломияҳои пешниҳодшуда, даромади умумии блогерон дар давоми 12 моҳи соли 2023, дар маҷмуъ, 33,5 млн сомонӣ буда, маблағи андози ҳисобшудаи онҳо дар ин давра 2,5 млн сомониро ташкил медиҳад.
Тавре қайд гардид, дар ин давра субъектҳои дар соҳаи блогерӣ фаъолияткунанда аз ҳисоби истифодаи меҳнати кироя дар эъломияҳои андоз шумораи кормандони кирояро 94 нафар ва фонди музди меҳнати ба онҳо пардохтшавандаро, дар маҷмуъ, 1505,4 ҳазор сомонӣ дарҷ намудаанд, ки ба ҳисоби миёна ба як корманд 1335 сомонӣ рост меояд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ аз ҷониби Кумитаи андоз дар давоми соли 2023 дар фаъолияти 37 адад субъекти дар соҳаи блогерӣ фаъолияткунанда ба маблағи умумии 764,5 ҳазор сомонӣ эҳтимолияти кам ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо ошкор гардида, пардохти 567,9 ҳазори он ба буҷет таъмин карда шудааст.
Аз ҷониби мақомоти андози мамлакат ҷиҳати бақайдгирӣ ва ба андозбанӣ ҷалб кардани блогерҳо як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз он ҷумла бо роҳи даъвати онҳо ба мақомоти андоз бо мақсади анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳиву машваратӣ ва ирсоли огоҳиномаҳо ба суроғаи онҳо, чанде аз субъектҳои соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ ва пахши видеоҳо машғул буданд, ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки пештар вобаста ба фаъолияти блогерҳо, аз он ҷумла тартиби бақайдгириву андозбандии онҳо, бақияи қарзи андоз аз ин ҳисоб ва рӯйхати блогерҳое, ки бе қайди мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ-блогерӣ машғуланд, мавод нашр гардида буд ва бо ин роҳ аксари блогерон камбудиҳои дар фаъолияташон ҷойдоштаро бартараф карданд.