Тайи ду даҳсолаи охир банаворгирии филмҳои таърихӣ аз ҷониби коргардонҳои ҷаҳонӣ афзуда, ҳар яке мехоҳанд таърихи гузаштаро тавассути ҳунармандон пешкаши мухлисон ва ҳаводорони синамо гардонанд.
Хушбахтона баъзан дар чунин филмҳои ҷаҳонӣ ҳунармандон ва блогерони тоҷик низ нақшофарӣ мекунанд.
Чанде пеш Диловар Сафаров, коргардон, шоумен ва боргери машҳури тоҷик дар як филми таърихии чинӣ ҳунарнамоӣ кард. Мавсуф дар ин бора дар саҳифаи фейсбукиаш бо пахши як навор хабар додааст.
Бино ба иттилои худаш, Диловар Сафаров дар филми нави таърихии чинӣ, ки аз ҷониби коргандони маъруфи Чин Тсуй Харк ба навор гирифта шудааст, нақши чеҳраи намоёни таърихӣ-Муҳаммад Хоразмшоҳро мебозад.
Дар навори мазкур Сафаров дар бораи чӣ тавр ба ин филми таърихӣ даъват шуданаш чунин иброз намудааст:
"Ростӣ аз кастинги ҷаҳонӣ бехабар будам. Нафаре аз мухлисон, ки то ин дам намешинохтам, аксҳо ва наворҳоямро ба кастинг равон кардааст. Баъди чанде ба ман занги телефонӣ шуд. Гуфтанд, ки аксу наворҳоятро дидем, ба мо писанд омад."
Диловар Сафаров афзудааст, ки дар аввал ин пешниҳодро он қадар ҷиддӣ қабул накарда бошад ҳам, ҳарчи бодо бод гӯён, ҳуҷҷатҳояшро фиристод, вале коргардонҳои чинӣ офаридани нақши Муҳаммад Хоразмшоҳро ба ӯ бовар карданд.
Назар ба иттилои Диловар Сафаров филми мазкур дар бораи ҳуҷуми Чингизхон ба ҳудудҳои ҳамонвақтаи тоҷикону чиниҳо қисса мекунад. Филм дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин ба навор гирифта шудааст.
Мавсуф изҳор доштааст, ки тавассути филми мазкур барои таҳияи филми таърихии Шоҳ Исмоили Сомонӣ таҷрибаи хубе ба даст овард. Сафаров мегӯяд, ҳарчанд барои нақши бозидааш дар ин филм ба ӯ пули калон доданд, вале барояш на маблағ, балки таҷрибаи андӯхтааш дар ин самт хеле муҳим ва қимматбаҳост.
Дар идома Диловар Сафаров таъкид мекунад, ки барои ба наворгирии филми Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо коргардонҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ доранд ва дар фимл ҳатто одитарин эптзодҳоро низ ҳунармандони маъруфи ҷаҳонӣ мебозанд.
Мавсуф мегӯяд киштии калон омода шуда, аллакай ба сохтани шаҳрҳо сар кардаанд.
Филми таърихии Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар Эрон, Қазоқистон ва якчанд кишварҳои дигар ба навор гирифта мешавад.
Абдуғаффор Шодиев