«Анатомияи бизнес» - аввалин китоб аз силсилаи «Асосҳои Бизнес 360» буда, махсус барои наврасон ва ҷавононе навишта шудааст, ки мехоҳанд ба ҷодаи соҳибкорӣ қадам гузоранд. Бе истилоҳҳои дилгир, бе қолабҳои маҷбурӣ - танҳо бо забони зиндаву равон, қиссаҳои воқеӣ, супоришу машқҳои амалӣ ва ғояҳои илҳомбахш, ки ба ту имкон медиҳанд, то роҳатро бо боварӣ оғоз намоӣ.
Ин китоб ба ту нишон медиҳад, ки чӣ гуна орзу ба идея, идея ба лоиҳа ва лоиҳа ба кори воқеӣ табдил меёбад. Чӣ гуна дар ҳар мушкилӣ имконият дидан мумкин аст - ҳатто он ҷо, ки дигарон танҳо маҳдудият мебинанд. Ва муҳимтар аз ҳама - чӣ тавр метавон аллакай имрӯз, бе интизори “вақти дуруст” амал кард: дар хона, дар мактаб, ё ҳатто дар маҳаллаи худ.
Ту мефаҳмӣ:
- чӣ хел соҳибкор фикр мекунад;
- чӣ хел идеяи худро пайдо кардан мумкин аст;
- чӣ тавр дар даста кор кардан;
- чӣ тавр қарор қабул кардан;
- чӣ гуна аз хатоҳо наҳаросидан;
- чӣ гуна аз ҳар шикаст таҷриба гирифтан.
«Анатомияи бизнес» - китоб танҳо барои хондан нест. Ин - роҳнамо, челленҷ, симулятор ва як мураббии ботинӣ аст, ки дар ту руҳбаландӣ ва ҷуръат ба вуҷуд меорад.
Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»