Arzon march 2024
“Бизан! Бизан”-и тоҷикӣ ва занозании муҳоҷирон дар Маскав
1597


Дар шабакаи “ВКонтакте” –и канали Реутов Новокосино Косино-Ухтомский видеое нашр шудааст, ки аз рафти як занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Русия ба навор бардошта шудааст.

Дар видео дида мешавад, ки муҳоҷирон бо тахтаву арматур ва ҷорӯб “мусаллаҳ” шуда ба тарафи якдигар чӯбу оҳану бетон ва ҳар чизи дигари пеш омадаро ҳаво медиҳанд. Садои яке аз иштирокчиёни занозанӣ ба гӯш мерасад, ки бо забони тоҷикӣ “Бизан! Бизан!” гӯён, ҳамсафонаш ба задухӯрд ташвиқ мекунад...

Тавре ки расонаҳо менависанд, ҳодисаи мазкур бегоҳии 3-юми июл дар минтақаи саноатии Руднево дар шарқи Маскав сар зада, байни муҳоҷирон занозании гуруҳӣ сурат гирифтааст. Руднево дар ноҳияи Косино-Ухтомский, ҳамагӣ 5 километр дуртар аз МКАД ҷойгир буда, ба қавли шоҳидон дар ин занозанӣ бештар аз 60 муҳоҷир иштирок доштаанд.

Сабабҳои асосии ин занозании гурӯҳии муҳоҷиронг ҳанӯз маълум нест, вале баъзе шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, як гурӯҳ муҳоҷирон кори худро ба таври бояду шяд иҷро намекардаанд ва муҳоҷирони дигар маҷбур будаанд, ки ба ҷои онҳо ҳам кор мекунанд. Бо сабаби ҳамин нофаҳмӣ байни муҳоҷирон моҷаро сар зада, барои тақсими дилонаи кор занозанӣ кардаанд.

Дар навори видеоие, ки шабакаи “ВКонтакте” –и канали Реутов Новокосино Косино-Ухтомский нашр кардааст, ба ғайр аз садои “Базан!Бизан”-и тоҷикӣ боз садои як муҳоҷири дигар низ ба гӯш мерасад, ки бо забони узбекӣ ҳарф мезанад, вале маълум нест, ки занозанӣ маҳз байни муҳоҷирони тоҷику ӯзбек сар задааст ё дигар муҳоҷирон низ дар он иштирок доштанд. Шумораи зарардидагон бар асари ин занозании гурӯҳи маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД