Formula novemver 2024
БИГЗОР ТАМОМИ МАРДУМ БИДОНАНД, КИ ТУ МАРД НЕСТӢ
18.09.2020
Р. Азимӣ
12223

Шавҳари азизам Меликмурод! Дар тӯли 12-соли зиндагии якҷояамон ягон бор сиру асрори хонаро ба берун набароварда будам. Ба касе дар бораи сабаби фарзанддор нашуданамон лаб накушодам, ҳарчанд айбу гуноҳатро аз рӯзи аввал медонистам.

Ту маро қасам дода будӣ, ки ба касе сиратро накушоям ва ман ин савганди маҷбуриро пос медоштам. Падару модарат дар тӯли ин солҳо дар ҳаққи мани бегуноҳ чӣ корҳое, ки накарданду чӣ гапҳои пасту баланде, ки нагуфтанд. Безурриёт, касалӣ, ҷодугар гуфтанд, вале ба хотири ту ба ҳамааш тоқат кардам. Медонистам, ки ту касалии мардона дорӣ ва дар бистар мисли як зан ҳастӣ, вале дар назди аҳлу авлодат тарафатро гирифта “фарзанд доди худост, албатта ягон рӯз мо ҳам соҳиби кӯдак мешавем” мегуфтам. Хешу таборат гумон мекарданд, ки худи ман гунаҳкорам, барои ҳамин забони онҳоро бастан мехоҳам. Маро таъна мезаданд, дашном медоданд, мегирёнданд, талаб мекарданд, ки аз хона баромада равам, то ту зани дигар гирифта бачадор шавӣ.

Ту айби худро донӣ ҳам, ягон бор тарафи маро намегирифтӣ, ақаллан барои тасаллои дилам як бор нагуфтӣ, ки ҳеҷ гоҳ фарзанддор нашавем ҳам, аз ман ҷудо намешавӣ. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин барои як СМС маро талоқ дода, мисли саг аз дарат берун кардӣ. Андеша накардӣ, ки ҳамин зан ҳам одам аст, нафс дорад, орзую ҳавас дорад, вале ба хотири ман ҳама талаботи ҷисму ҷонашро солҳои дароз дар дилаш зиндонӣ намуд.

Акнун, ки ту маро фоҳиша хонда шармандаи дӯсту душман намудӣ, ман ҳам сирру асроратро мекушоям. Бигзор тамоми мардум бидонанд, ки ту мард нестӣ. Беҳуда манманӣ карда модаратро ба хонаи духтарҳои зебо хостгорӣ нафирист. Чаро дидаю дониста ҳаёти боз як духтарро месӯзӣ?

Сайёраи Раштӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД