Arzon march 2024
БИЁЕД МЕҲРУБОНИ РАВШАНРО ТАНҲО НАМЕГУЗОРЕМ!
7850


Солҳои 2000-ум рӯи саҳнаи тоҷик сароянда хеле кам буд. Онҳо аҳён - аҳён суруд мебароварданду аз назарҳо тезд дур мегаштанд боз. Миёнашон ҳунару маҳорати Меҳрубони Равшан, Манижаи Давлат, Суҳроби Сафарзод, Баҳром Ғафурӣ, Садриддин Наҷмиддин, Файзигул Юсупова ва Парвина Шукруллоева дар сархати беҳтарин санъаткорони шинохта дохил буд. Аз хурд то бузург ин ҳунармандонро дӯст медоштанду барояшон каф мекӯфтанд.

Имрӯз бошад онҳо ба қале аз мӯд рафтанду дигар кам касон суроғашон мекунад. Дунёи санъат чунон ситораборон шудааст, ки дар шинохташон соатҳо дар фикр мезанӣ.

Ҳунару маҳорати нотакрори сарояндаи умедбахш Меҳрубони Равшан буд, ки бо суруди “Назираҷонам” дар санъати тоҷик инқилоби бузургеро барангехт. Аз хурд то калон “Назираҷон”-и Меҳрубонро гӯш мекараданду ба маҳорати овозхонии сароянда аҳсан мехонданд.

Меҳрубони Равшан аввалин бор соли 2013 консерти худро дар "Кохи Борбад" таҳти унвони “Модар" баргузор намуд. Толор чунон серодам буд, ки ҷой барои сӯзанпартоӣ набуд. Ҳаводоронаш дар ин консерт ҳамовози сароянда гашта, чунон барномаро рангин намуданд, ки то ба ҳол аз ёдҳо намеравад. Ӯ азизи мардум буд ва ҳама дӯсташ медоштанд, аммо....

Соли 2014 сароянда якуякбора аз саҳна рафт. Ҳама ба саволи он ки "ӯ куҷо шуд?" посух меҷустанд. Ҳолдонҳо сабаби нопадид гаштанашро ба зиндон афтиданаш рабт медоданд. Журналистони газетаҳои даврӣ хомӯшии Меҳрубонро дар марги ҳамкасбаш Сӯҳроби Сафарзод дониста, "ӯ дигар тарки саҳна намудааст" мегуфтанд. Касе намедонст, ки Меҳрубон куҷо шуд. Овозаҳо атрофи номаш бисёр шуданд: Яке наркамандаш мегуфту дигаре ба хонаи Худо зиёрат рафта, аз саҳна даст кашидаст мегуфт. Андешаи нафари сеюм тамоман дигар буд: Меҳрубон тарки Тоҷикистон намуда, рӯ ба муҳоҷират овардааст.

Ин ҳама сару садоҳо ҳамон рӯз аз гирди забони мардум рафт, ки санаи 16 августи соли 2019 буд Меҳрубон дубора аз худ дарак дод ва дар Кохи Суруш баҳри кулли мухлисонаш консерти зиндаеро таҳти унвони “Бозгашт” пешкаш гардонид. Толор чун солҳои қаблӣ серодам буд. Сароянда дар ин рӯз дар куҷо ва сабаби инқадар сол хомӯш буданашро шарҳ дод.

Гапро дароз намекунем. Бармегардем сари наворе, ки дар интернет давр мезанад ва овозхон дар ин навор дучори мушкилӣ гаштанашро бо дард қисса мекунад.

Меҳрубон дар ин навор аз дӯстонаш гилла мекунад ва мегӯяд, ки дар тангдастӣ як маротиба суроғаш намекунанд. Илова бар ин дӯстони намакношиносаш таи 60 ҳазор доллари амрикоӣ ӯро “кидат” карда, бедарак шуданд. Бар замми ин ба садама дучор гаштаасту як дасташ аз китф дардманд асту бояд фавран бо маблағи ӯро ҷарроҳӣ намоянд.

Меҳрубон ба мардум рӯ оварда, мегӯяд: “Медонам карантин аст, ҳама дар ҳолати ногувор қарор дорем, вале маҷбур намешудам ин видеоро пешниҳод намекардам. Ман боварӣ дорам, ки бачаҳои тоҷик чӣ дар хориҷи кишвар чӣ дар ватан ҳастанд нисбати мушкилоти ба сари банда омада, бетарафӣ намекунанд. Агар ҳамаи шумо ба мани ночор 1 доларӣ ҷамъ кунед, ман аз вазъияти ба сарам омада, раҳо меёбам. Аламавораш он, ки бонк барои 3 ҳазор сомонӣ хонаамро гирифтанист. Агар дастгириам кунед, иншоалоҳ баъди карантин тӯйҳо сар мешаванд, боз хизмататонро бармегардонам. Боқӣ тансиҳату хотирҷамъ бошед!"

Овозхон дар поёни ин навор мегӯяд, ки "шояд маро гадо гӯед, вале банда маҷбур намешудам пеши шумо аз муҳтоҷиам шиква намекардам. Шикаста бошам ҳам, вале нарехтаам. Аз ҳамаи шумо бахшиш мепурсам ва барои хизматҳоятон аз Худованд дуо талаб мекунам. Ман дар хизмати шумоям, бародарон!"

Пас, биёед мо ҳам то қадри имкон ба ин сарояндаи хушсадо кӯмак мекунем.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД