arzon replenishment
Бибикалонро барои марги пурасрори келинаш ба ҳабс гирифтанд, вале...
1402


Марги пурсару садои ҷавонзани файзободӣ Манораи Абдуфаттоҳ беш аз як сол аст, ки сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён овардааст.

Ҷасади ин ҷавонзани ормониро моҳи июни соли гузашта бо 26 зарбаи корд аз манзили иҷорааш дар ноҳияи Файзобод пайдо карда буданд. Бештари зарбаҳо ба гардан ва шиками марҳум зада шуда бошанд ҳам, мақомоти тафтишотӣ сабаби марги ҷавонзанро худкушӣ маънидод намуданд, вале пайвандони Манора аслан ба худкушӣ кардани духтарашон бовар надоранд ва борҳо аз мақмоти тафтиштӣ дархост намуданд, ки марги пурасрори Манораи Абдуфаттоҳ дубора таҳқиқ карда шавад. Инак, бо гузашти беш аз як сол қазияи марги Манора аз нав бозбинӣ мешавад. Тавре ки Абдуфаффтоҳ Мисоқов, падари Манораи ғуррамарг ба “Азия-плюс” гуфтааст, мақомот рӯзи 3-сентябр хушдомани духтари ҷавонмаргаш Бибикалон Назирова бо гумони ба худкушӣ расонидани келинаш ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Нисбати Бибикалон Назирова бо қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси Ҷиноятии Тҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, то ба охир расидани тафтишот номбурда муддати ду моҳ дар боздоштгоҳи муввақатӣ нигоҳ дошта мешавад. Ин банди қонун ҷавобгарии ҷиноиро барои расонидан ба худкушӣ пешбинӣ намудааст, вале падари Манораи ноком мегӯяд, наздикони қудояш кӯшиш доранд, ки Назироваро ба озодӣ бароранд.

Волидон ва пайвандони Манораи ҷавонмарг то ҳол ба худкушӣ кардани духтарашон бовар надоранд ва мегӯянд ба ҳеҷ ваҷҳ ӯ наметавонист худаш ба бадани худаш 26 корд занад, аммо прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, раванди тафтишот ва экспертизаи судӣ нишон дд, ки ҷавонзан даст ба худкушӣ задааст. Манора, агар худро ба дор меовехт, ба дарё мепартофт, дорӯ мехӯрд ё ақаллан 1-2 корд мезад, ба худкушӣ карданаш бовар кардан мумкин буд, вале ба он ки зан бо дасти худаш ба гардан, шикам ва дигар узвҳои баданаш 26 корд задааст, ақли солим бовар намекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД