Sebiston new 2024 october
БЕВАИ ҲАФТДАРА (анҷом)
24.08.2020
Дилошуб
3615

Давомаш ...

Аз байн як сол гузашта буд, ки хусурам аз дунё гузашт. Баъди фавти хусурам маълум шуд, ки ў қарзҳои калон доштааст. Тамоми дороиямон сарфи қарзҳои хусурам шуд.

Ҳеварам, ки акнун оиладор шуда буд, зану модарашро гирифта, ба Руссия барои мардикорӣ рафт. Шавҳари ман ҳам хонаамонро ба гарав монда, пул қарз гирифт, то тиҷорати нав оғоз кунад, вале кораш омад накард. Вақте бонк хонаамонро кашида гирифт, шавҳарам аз асабонияти зиёд ба бемории рўҳӣ печиду худашро овехт.

Мани бева бо духтарчаам ба хонаи модарам баргаштаам. Апаи пирдухтарам худашро хуҷаини мутлақи хона ҳисобида, ману духтарамро намегузошт, ки сахттар қадам ниҳем. Падару модарам низ дастнигари апаам буданд, зеро дар хонаамон ў маоши калон гирифта, рўзгорро пеш мебурду додари донишҷўямро нигоҳ мекард.

Бо даву този зиёд дар мактабе ба ҳайси фаррош ба кор даромадам. Духтарамро ҳамроҳам дар сармою гармо ба кор мебурдам. Ҳамаи ин ба саломатиаш таъсири бад расонид, ки гурдаҳояш бемор шуданд. Шабу рўз мегиристаму худамро мазаммат мекардам, ки хулқи бадам балои сарам шуду дуои Хадичаи беозор маро гирифт…

Турбаи гадоӣ

Ҳоли духтарчаи панҷсолаам бад шудан гирифту духтурон гуфтанд, ки танҳо табибон дар Москав метавонанд ба дардаш даво бахшанд, аммо ман пул надоштам. Муаллимону хонандагони мактабе, ки он ҷо кор мекардам, каме кӯмак карданд. Дидам, ки аҳволаш бад аст, рў ба гадоӣ овардам. Асосан ба назди ҳавлиҳое мерафтам, ки бодабдаба буданд.

Рўзе дари ҳавлии сеошёнаеро задам. Онро ба рўям ҷавонзани қоматбаланди сабзинае кушод. Бо гиря аҳволи зорамро ба ў нақл кардам. Ў маро ба рўйи кат шинонда, худаш ба хона даромад. Ҳамин вақт аз байни боғчаи канори ҳавлӣ зане ба наздам омада, салом дод.

Ман Хадичаро дида қариб аз ҳуш мерафатам, вале ў маро нашинохт ё шинохту худро ба нодонӣ зад. Чун мақсади маро фаҳмид, ба дастам ду ҳазор сомонӣ ва дар пакети салафание хўрданиҳои лазиз дода, гуфт:

- Писарам ба ноҳия рафтааст. Он ҷо замину чорво дорад. Ҳамонҳоро хабар гирифта меояд. Ду - се рўз пас ба ҳамин рақамҳо занг зан. Бо ў ва падараш маслиҳат мекунему барои духтарат дар Москав беморхонаи хубе меёбем ва пули ҷарроҳиашро пардохт мекунем…

- Ман имсол бори дуюм ба Ҳаҷ рафтанӣ будам, аммо саломатии як кўдаки ятим муҳимтар аст, гуфт ӯ.

Ман дастони Хадичаро бўсида, изҳори сипос кардаму берун баромадам…

Бо пулҳои додаи Хадича як навбат табобат гирифтем. Ҳоли духтарчаам каме беҳтар шудааст, аммо духтурон мегўянд, ки ин муваққатист. Шарм медорам ба Хадича занг занам. Гумон мекунам ў маро шинохт, вале “изои муъмин ҳаром” гўён, худашро ба нодонӣ зад…

Хонандагони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Назди Хадича рафта, кӣ будани худро гўям? Бигўям, ки дуои ту маро гирифту имрўз беваи дар ба дарам? Ё не?

Фозила,

ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД