Нав аз хоб бархоста будам, ки садои занги телефонам баланд шуд. Ҳайрон шудам, ки дар ин субҳи солеҳон кори кӣ ба редаксия афтида бошад. Гӯширо бардоштам.
Аз он ҷониб овози гиряолуди зане меомад, ки ба шеваи хуҷандӣ ҳарф мезад. Занро бо як азоб ором карда мақсади занг заданашро пурсон шудам. Оҳи сарду пурдаре кашида гуфт: «Додарҷон, дардам зӯр аст, илтимос, дарди дили маро дар ҳамин шумораатон чоп кунед, то баъзе номардони маҳалаамон бихонанд!» Дарҳол қалам гирифта гуфтаҳои он занро рӯи коғаз овардам ва инак, онро пешкаши хонандагони гиромӣ менамоям.
Ман як зани шавҳармурдаам. Се фарзанд дорам. Дар як ҳавлӣ, вале аз хусуру хушдоманам ҷудо зиндагӣ мекунам. Бори гарони зиндагӣ танҳо бар дӯши худаму бачаҳоям аст. Мо дар як маҳаллаи дурдасттарини Исфара истиқомат мекунем. Шаб, ки аз нисф гузашт, ба боми хонаам санг задани душманонам сар мешавад. Бовар кунед, дар болои боми хонаам аз дасти онҳо ягон бомпӯши обод намондааст. Намедонам ин мардум аз мани бевазан чӣ мехоҳанд.
Духтаронам калон шуда истодаанд, метарсам, ки ба фарзандонам ягон зарар нарасонанд. Аз дасти ин разилон зиндагиям ноором гаштааст. Намедонам дардамро ба кӣ гӯям. Чанд бор ба раиси маҳалла муроҷиат кардам. Мебинем гуфта ваъда доду аз пасаш нашуд. Дигар илоҷ наёфта ба редаксия муроҷиат намудам. Мехоҳам аз минбари баланди «Оила» ба он хонашерони майдонғариб гӯям:
Аз пушт корд назанед, зеро ин оини ҷавонмардӣ нест. Чаро номардона аз бому дар қасд мегиред, мард бошед, гапатонро рӯ ба рӯ бигӯед! Зани шавҳармурда бошам ҳам, фоҳиша нестам! Ягон дилу нияти бад дошта бошед, беҳтараш аз баҳраш гузаред, чунки ман бо ягонтои шумо айшу ишрат карданӣ нестам! Дилу виҷдону имонам пок аст ва худо хоҳад, то абад пок мемонад!
М. ш. Хучанд