Дирӯз дар сомонаи Оила. ТЧ зери унвони “Сволочи! Ҳаромо!”-Дод зад духтаре, ки дар сараш тухм шикастанд” маводе ба табъ расида буд, ки аз пайдо шудани як навори видеоӣ, ки бетартибӣ ва бадахлоқии хонандагонро дар яке аз мактабҳои пойтахт мактаб нишон медиҳад, нақл мекард. Дар ин навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта буд, як гурӯҳ бачаҳо дар сари як духтараки ҳамсинфашон чанд тухмро зада шакаста, ба таври худ шӯхию масхарабозӣ мекунанд. “Духтарак ба ғазаб омада бо сару рӯйи пур аз тухм “Сволочи! Ҳаромо” гӯён, базӯр худро раҳо мекунад, ҳамсинфонаш бошанд, ба ҷойи ба имдоди духтар расидан, ин манзараро дар телефонҳои худ ба навор гирифта, механданд...
Вазорати корҳои дохилии кишвар нисбати ин ҳодиса бетараф намонда, дар муддати кӯтоҳ онро таҳқиқ ва тамоми иштирокчиёни моҷароро пайдо карданд. Инак, вокуниши ин мақомотро манзури шумо месозем.
Вокуниш ва таҳқиқи навор:
Навори дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳнгардида, ки дар он ҳолати таҳқиромези дар сари як нафар духтар-хонандаи мактаб шикастани тухм аз ҷониби писарон инъикос гардидааст, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди таҳқиқу баррасӣ ва чораандешӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 20 декбари соли ҷорӣ, дар дохили яке аз синфхонаҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе содир гардида, шахсияти иштирокчиёни навор муайян ва бо ҳамроҳии масъулини муассисаи номбурда, ҳамзамон волидайни хонандагон ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Дар доираи санҷиш муайян карда шуд, ки 4 нафар писарон-хонандагони синфи 11 «А»-и МТМУ №55 аз назди муассиса тухм харидорӣ намуда, бо мақсади ба таври «шӯхиомез» табрик намудани зодрӯзи ҳамсинфашон тухмҳоро ба сари духтар зада шикастаанд.
Бо назардошти он, ки содиркунандагони ин кирдори ғайриахлоқӣ ноболиғон ҳастанд, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз нашри ному насаб ва расми онҳо худдорӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати риояи одобу ахлоқ, талаботи оинномаву низомномаи муассисаи таълимӣ, тартиботи дохилии муассиса ва минбаъд содир накардани ҳодисаҳои ба ин ин монанд бо хонандагон суҳбату чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида шуд, илова бар ин, барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбати волидайни хонандагони муассиса тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Раёсат ВКД дар шаҳри Душанбе