Arzon march 2024
“Беҳтарин ҳамсар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”
1174

 

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе пагоҳ, 17–уми декабр якбора ду озмуни оилавӣ-Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар» ҷамъбаст карда мешавад. Дар ин бора Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Оилаҳои ҳунарманд дар озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» аз рўйи намудҳои тасдиқшудаи феҳристи ҳунарҳои бадеии халқӣ иштирок мекунанд.

Ҳадафи озмуни «Беҳтарин ҳамсар» баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати ҳамсарон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, зебоипарастию меҳнатдӯстӣ мебошад. Дар доираи талаботи озмуни «Беҳтарин ҳамсар» ба мардҳо афзалият дода мешавад. Марди оила бояд ҳамаҷиҳата рушдёфта бошад, дар самти маърифатнокии аҳли оила, ба илмомӯзию касбомӯзӣ машғул шудани онҳо, меҳанпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш, корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила саҳм гузорад.

Ғолибон аз ҷониби кумитаи тадорукот бо Диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД