1xbet
Беш аз 32400 сокини Хатлон бо ҷойи кор таъмин шудаанд
97

Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон беш аз 32 ҳазору 400 ҷои кории нав таъсис дода шудааст. Аз ин зиёда аз 5 ҳазору 800 ҷои кории доимӣ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки аз ҳисоби шахсони воқеӣ 30 ҳазору 895 ҷой ва аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 1 ҳазору 536 ҷои корӣ таъсис дода шудааст.

Ба иттилои расида, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5 ҳазору 838 ҷои корӣ доимӣ, 7 ҳазору 649 ҷои корӣ муваққатӣ ва 18 ҳазору 853 ҷои корӣ мавсимӣ таъсис дода шудааст.

Бо баргузории 176 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон наздики 2 ҳазору 1120 сокин бо ҷои кор таъмин гардидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД