goodwell
Беш аз 200 нафар дар даври ниҳоии «Беҳтарин донандаи осори Пешвои миллат»
16.09.2026
Oila.tj
68

Зиёда аз 200 нафар иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи осори Пешвои миллат» ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Тибқи иттилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз аввали моҳи май то 10-уми сентябр дар даври аввали озмун 687 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 1200 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок кардаанд. Даври аввали озмун то охири моҳи сентябр идома дошта, марҳалаи ниҳоӣ моҳи октябр баргузор мешавад.

Ҳадафи озмун омӯзиши амиқи осори Пешвои миллат, таърихи халқи тоҷик, арзишҳои миллӣ ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории миллӣ арзёбӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД