Овозхон ва продюсери 31-солаи тоҷик Беҳрӯз Зеваров дар саҳифаи Фейсбук аз гирифториаш ба COVID-19 хабар додааст. Зеваров дар баробари паҳн кардани хабари бемориаш, боз аз чанд мушкилоти мавҷуда, ки то ҳол ҳалли худро наёфтаанд, ёдовар шудааст.
“Ман ҳам COVID-19 шудам. Барои муайян кардани беморӣ дар ду клиника аз ташхис гузаштам. Натиҷаҳо дарҳол маълум намешаванд, чанд рӯз интизор шудан лозим аст. Дар клиникаи пулакӣ ҷавоби ташхис манфӣ баромад. Дар озмоишгоҳи вирусологии Вазорати тандурустӣ бошад, мусбат.
Давоми 14 рӯз дар карантин будам, аммо ягон духтури оилавӣ ба хабаргирӣ наомад”,-навиштааст овозхон. Ӯ дар идома афзудааст, ки аз ба охир расидани табобаташ шод аст ва ба табибе, ки оилаи ӯро табобат кард, миннатдорӣ кардан мехоҳад. Зеваров дар охир аз мардум даъват ба амал овардааст, ки дастҳояшонро бишӯянд, ниқоби тиббӣ пӯшанд ва худро эҳтиёт кунанд, то бемор нашаванд.