Талаф ёфтани миқдори зиёди оби бадан, ки ба воситаи дарунравӣ ва қайкунӣ хориҷ мешавад, саломатии касро нохуб мегардонад. Ҳуҷайраҳои бадан аз 75-80% об иборатанд, бинобар ин ҳама равандҳои муҳим дар муҳити обӣ сурат мегиранд. Набудани ҷузъи моеъ аксар вақт боиси вайроншавии шадиди системаҳо ва узвҳо мегардад. Ҳангоми беобшавии бадан мубодилаи модаҳо бадан вайроншуда, боиси нарасидани оксиген ба майнаи сар, заҳролудшавии умумӣ ва дигар оризаҳо мегардад.
Кадом дараҷаи беобшавӣ хафнок аст?
Чаҳор дараҷаи беобшавии бадан вуҷуд дорад, ки ҳар яке аз онҳо бо аломатҳои хоси худ ба осонӣ шинохта мешаванд.
Бояд қайд кард, ки дар ибтидо метавонад зуҳуроти маъмулӣ набошад. Духтурони сироятшиноси ҷаҳонӣ мегӯянд, беобшавии барвақт ягон аломат ва нишона надорад. Танҳо ташнагӣ, ки аз беобшавии бадан дарак медиҳад, метавонад нишнаи аввалин бошад.
Дараҷаи аввал
Беобшавии сабук бештар бар асари дарунравӣ дар калонсолон рух медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки дар дараҷаи якуми беобшавӣ 3 фисади вазни бадан талаф меёбад.
Дараҷаи дуюм
Аломатҳои дараҷаи дуюми беобшавӣ инҳоянд:
• Зиёд шудани обнӯшӣ-бемор аз ташнагии сахт азият мекашад
• хушк шудани даҳон
• гум шудани равшании пӯст
• асабоният, изтироб;
• пешоби тира
• беҳолию бемадорӣ
• хоболудӣ
Камшавии вазни бадан ба 4-6 фоиз мерасад.
Дараҷаи сеюм
Дарунравӣ беш аз 6 маротиба дар як рӯз. Дар натиҷаи ин ҳолат то 9 фоизи вазни бадан кам шуда, чунин нишонаҳо ба амал меоянд:
• сафед ва хунукшавии пӯст, дарди сар, чарх задани сар, пешобкунии кам, тез шудани дилзанӣ , дамкутоҳӣ ва
• рагкашӣ (судороги)
Ҳангоми сироятҳои шадиди рӯда, аз таъсири бактерия ва вирусҳо ҳарорати бадан баланд мешавад. Ин ҳолат барои организм хатарок мебошад.
Дараҷаи чорум
Зимни ин дараҷаи беобшавӣ дарунравӣ зиёда аз 10 мартиба сурат мегирад ва ҳамзамон бемор қай мекунад. Талафоти вазн ба 10фисад ва ё бештар аз он мерасад.
Аломатҳо ва нишонаҳои ин дараҷаи дарунравӣ садама (шок) ва тира гаштани хотира, гум шудани пешоб (бемор зиёда аз ҳашт соат пешоб намекунад) суст шудани набз, паст шудани фишори хун ва дигар ҳолатҳои вазнин мебошанд.
Чӣ гуна оби талафшудаи баданро барқарор кардан мумкин аст?
Барои барқарор кардани оби бадан, ки ба сироятёбии рӯдаҳо вобастагӣ дорад,табобати рӯдаҳо ва нест кардани бактериву вирусҳо шарти муҳимтарин аст. Маҳз духтури сироятшинос муайян карда метавонад, ки кадом намудаи ин сироятҳо дар рӯдаи бемор вуҷуд дорад.
Хулоса, дар дараҷаҳои сабук бемор бояд организми худро аз беобшавӣ муҳофизат кунад, дар сурати ба дараҷаҳои вазнин гузаштан ҳатман ба духтур муроҷиат намудан лозим аст.