Formula novemver 2024
Беморони сил бо маводҳои доруворӣ пурра таъмин мешаванд
766

 

Теъдоди бемориҳои сил агар дар соли 2010 78, 5 ба сад ҳазор аҳолӣ бошад, дар соли 2022 39, 7 ба садҳазор аҳолӣ рост меояд, ки ин шумораҳо аз коҳиш ёфтани гирифторони бемории сил шаҳодат медиҳад.

Ин нуқтаро Ҷамолиддин Абддуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар нишасти хабарии имрӯза қайд кард.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки барои ташхис кардани беморони сил тамом шароит муҳаё карда шудааст.

Айни замон дар сатҳи кишвар 59 лабораторияи GENEXPERT (Ҷен ЭСПЕРТ), панҷ мошинаҳои мобилӣ барои ташхис кардани ин гурӯҳи беморон, зиёда аз 20 лабораторияи бактериологӣ фаъолият мекунад.

Танҳо дар соли 2022 зиёда аз 59 ҳазор таҳлилҳои Ҷен Эсперт гузарониа шуд ва зиёда аз 300 ҳазор таҳлилҳои рентгенӣ ва флюографӣ барои муайян кардани бемории сил гузаронида шуд. Дар натиҷа мо 24 418 бемори дарёфт кардем, ки аз он 3925 нафар бори аввал дарёфт гардид, ки насибат ба соли 2021 132 адад зиёдтар мебошад.

Вазир гуфт агар мо чи қадар зиёд беморони силро дарёфт кунем, ҳамон қадар хуб аст, зеро сари вақт ташхис мекунаем ва шакли мутобиқгашта кам мешавад ва сироятёбӣ ҳам кам мешавад.
Беморони сил ба пуррагӣ ба маводҳои доруворӣ таъмин мешаванд.

Дар ҷумҳури 66 марказҳои сил ДОТС муассисаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ва фаъолият мекунад.

Вазир дар ин нишаст аз ҷамъбасти солонаи вазорат ҳисобти худро иро карда, ба саволҳои хабарнигорон пеш аз муҳлати муайяншуда посух гуфтанд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД