Arzon march 2024
Беморони гемофилия чӣ имтиёз доранд?
895

Бо мақсади таҳлил ва омӯзиши вазъи муоина, ташхис, табобат, назорати диспансерӣ ва кӯмак ба гирифторони бемориҳои гемофилияи А, В, С ва бемории Виллебранд дар муассисаҳои тандурустии давлатии сатҳи беморхонавӣ ва шабакаҳои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасии вазъи хизматрасонӣ ба беморон гузаронида шуд.

Дар он Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавӣ иштирок намуда, як қатор мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа таҳлилу баррасӣ намуданд. Дар Тоҷикистон кӯмаки махсуси ба гирифторони бемориҳои гемофилияи А, В, С ва бемории Виллебранд мувофиқи рӯйхати бемориҳои хун, узвҳои хунофар ва ихтилолҳои алоҳидаи фарогирандаи механизми масунӣ мутобиқи рамзҳои Таснифоти байналмилалии бемориҳо ва масъалаҳои ба саломатӣ алоқаманд, боздиди даҳум (ТББ таҷдиди 10): Д66 расонида мешавад.

Тибқи оморҳои ба дастрасида шумораи умумии беморони гемофилияи А, В, С ва бемории Виллебранд 820 нафарро ташкил медиҳад. Хизматрасониҳои тиббии амбулаторӣ ва статсионарӣ ба гирифторони беморони гемофилия ройгон хизмат мерасонанд ва ба беморон хун, плазма ва криопретсипитати ройгон дода мешавад.

Беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, инак 7 сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Мақсад аз таъсис додани ташкилоти мазкур-ин ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Гемофилия бемории ирсии хун, ки дар натиҷаи набудани миқдори омилҳои лахтаи хун ба вуҷуд меояд. Ин беморӣ бо ихтилоли лахташавии хун тавсиф мешавад ва дар хунравии зуд-зуд дар буғумҳо, мушакҳо ва узвҳои дарунӣ зоҳир мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД