toyota motors
Бемориҳое, ки аз хокбориш ва чангу ғубор пайдо мешаванд
16.04.2026
Oila.tj
98

Тавре Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ пешгӯӣ карда буд, аз 15 то 18-уми апрел дар аксари манотиқи кишварамон хокбориш ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳавои ифлос боиси авҷ гирифтани бемориҳои гуногун гашта метавонад, бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сокинони кишварро огоҳ намудааст, ки дар ин рӯзҳо саломатии худ ва наздиконашонро эҳтиёт намоянд.

Мехоҳед донед, ки кадом бемориҳо бар асари чангу ғубор авҷ мегиранд ва барои пешгириашон чӣ бояд кард? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Вазорати тандурустӣ ҳушдор додааст, ки чангу ғубор метавонад боиси сар задани мушкилоти нафаскашӣ, чашм, бинӣ, гӯш, аллергия ва хуруҷ кардани бемориҳои музмин гардад, аз ҷумла:

1. Гарду ғубор метавонад хастагӣ, сурхшавии чашмҳо, хушкшавии гулӯ ва эҳсоси сӯзишро дар бинӣ ба вуҷуд орад;

2. Боиси хастагӣ, дарди сар, хашмгинӣ ва парешонӣ гардад;

3. Шахсоне, ки бо бемориҳои шуш, чун “астма” ё “бронхити музмин” гирифторанд, метавонанд бо сурфа ва эҳсоси душворӣ дар нафаскашӣ дучор шаванд;

4. Дар шахсоне, ки ҳассосият (аллергия) доранд, хоридани пӯст, атсазанӣ ва варам пайдо шуда метавонад;

5. Ҳавои пур аз ғубор метавонад боиси баланд шудани фишори хун ва бад шудани вазъи саломатии нафароне гардад, ки бемориҳои дилу раг, махсусан “гипертония” доранд.

Саломатии худро чӣ гуна бояд ҳифз кард?

Вазорати тандурустӣ барои ҳифзи саломатӣ ба шаҳрвандон чанд тавсияи муфидро пешниҳод кардааст:

- Агар имкон доред, дар хона бимонед;

- Дар ва тирезаҳои хонаатонро пӯшонед ва сӯрохиҳоро бо матоъи намнок маҳкам кунед;

- Дар сурати ба берун баромадан аз ниқоб ва ё рӯймоли тар истифода баред, то шуморо аз ғубор ва моддаҳои зарарноки ҳаво муҳофизат намояд;

- Аз айнаки офтобӣ ё ҳимоявӣ истифода кунед, зеро чашмҳо дар гарду ғубор осебпазиранд;

- Бештар об ва нӯшокиҳои табиӣ нӯшед, зеро гарду ғубор дар шароити гарм ба организм фишор меорад. Обнӯшӣ метавонад аз хушкшавии бадан ҷилавгирӣ кунад;

- Тез-тез тамиз кардани хона бо матоъи нам миқдори чангу ғуборро дар манзили шумо коҳиш медиҳад;

- Дар ҳолати дучор шудан ба мушкилот сари вақт ба табибон муроҷиат намоед. Дар ин рӯзҳо махсусан ба саломатии одамони солманд ва кӯдакон диққати ҷиддӣ додан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД