Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ
Ман Ҳалима, сокини ноҳияи Хурсон мехоҳам аз шумо дар як масъалаи муҳим маслиҳат бипурсам. Чанд вақт боз муносибати ману шавҳарам якбора вайрон шудааст. Аниқтараш ман шавҳарамро мисли пештара дӯст медорам, вале падари фарзандонам аз зиндагӣ дилсард гашта, бо ман қариб, ки гап намезанад. Ҷангу ҷанҷол нашудаем, байнамон ягон нофаҳмӣ нагузаштааст, то ҷое, ки ман медонам зани дигар надорад, вале намедонам ба ин мардак чӣ ҷин задааст, ки аз ман дурӣ меҷӯяд. Бистари хобашро ҷудо кардааст, ягон чиз пурсам, асабӣ шуда ба сарам дод мезанад. Муносибати шавҳарам танҳо бо ман не, бо дигарон низ ҳамин хел дағалона аст. Пештар ба Русия мардикорӣ рафта меомад ва пули калон кор карда, қариб 70-80 рубли руси маош мегирифт, аммо ду соли охир кораш ҳеҷ барор намегирад. Меравад, вале кори муносиб наёфта, се-чор моҳ сарсону саргардон шуда, дасти холӣ бармегардад. Зиндагиамон вазнин бошад ҳам, аз тарси он ки мабодо шавҳарам дар сари қаҳр талоқамро надиҳад, лаб ба шикоят намекушоям, вале муносибатҳоямон торафт сард гашта истодаанд. Дар як хона мисли ду бегона зиндагӣ мекунем. Аз чунин зиндагӣ дилам ба танг омадааст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Ҳалима аз н. Хуросон
Маслиҳат:
Табиати мард чунин аст, ки мушкили худро ба касе баён намекунад. Маҳз ҳамин хислат боиси он мегардад, ки мардони мушкили бекорӣ дошта бар асари асабнияти зиёд ба бемориҳои гунгуни асаб, зоб, яъне ғадуди сипаршакл, фишорбаландӣ, захми меъда, дарди сар, бехобӣ ва ҳатто сусткамарӣ гирифтор мешаванд. Аҳимият надорад, ки мард ягон мансабу вазифаи баланд дошт ё не, аз бекорӣ тамоми мардон як хел азият мекашанд. Вақте ки мард бе кор мемонад, худро нодаркор эҳсос намуда, азоби рӯҳӣ мекашад. Зан, агар дар чунин ҳолат боз “гӯшт нест, картошка нест, пули мактаби бачаҳо надода...” гуфта, ҳар рӯз ғурбат кардан гирад, болои сӯхта намакоб мешавад.
Албатта рӯзи дароз пояшро дароз карда хобидани мард ба ягон зан писанд нест. Бекории мард тӯл кашад, оқибат зани пуртоқаттаринро низ девона мекунад, вале дар чунин лаҳзаҳои душвор шумо бояд шавҳаратонро рӯҳан дастгирӣ намоед. Фаромӯш накунед, ки ғурбати зан вазъиятро танҳо шадидтар месозаду халос. Бепулию бекорӣ дар назди азоби рӯҳие, ки мард мекашад, ҳеҷ аст, бинобар ин, зан ба заифиаш нигоҳ накарда, бояд дар чунин ҳолатҳо барои шавҳараш такягоҳи маънавӣ гардад. Бо сабру таҳаммул бошед. Ба мардакатон фишор набиёред, агар худаш дарди дил кунад, бо диққат ӯро гӯш карда, дилбардорӣ намоед, вале эҳтиёт бошед, ки ягон гапи ноҷо зада, шавҳаратонро гунаҳкор накунед. Ҳеҷ гоҳ шаъну шарафи мардии ҳамсаратонро паст назанед. Вақте ки зан “мардҳои дигар ҳам марданд, ана фалониро бинед, барои зану фарзанднаш ин хариду он харид” гуфта, марди дигарро мисол меорад, мард ин гапро ҳамчун таҳқир нисбат ба худ қабул карда, худро бештар ҳақиру нотавон эҳсос мекунад ва ба ботлоқи ғам ғӯтида, дамдузду одамгурез мешавад.
Мардро руҳан дастгирӣ намоед, вале бо ӯ чун бо кӯдак муносибат накунед. Шавҳар бояд фаромўш насозад, ки хӯрондану пӯшондани оила вазифаи мард аст, на зан. Дарки масъулият мардро зудтар ба худ меорад. Аз хешу ақрабо ва пайвандонатон хоҳиш кунед, ки дар пайдо кардани кор ба шавҳаратон ёрӣ расонанд, аз газетаву эълонҳо кори барои падари бачаҳоятон мувофиқ биҷӯед. Вақте мард дастгириву муҳаббати содиқонаи ҳамсарашро ҳис мекунад, болу пар мебарорад. Исбот намоед, ки ӯро дўст медоред ва ба нерӯву қудраташ ҳамчун мард сад дар сад бовар доред. Шарт нест, ки зӯран ба оғӯши мард дароед, вале пайти муносиб ёфта, пойҳояшро маҳс кунед, гапҳои ширин занед, ҳазлу шӯхӣ кунед, худи мард оҳиста-ҳиста боз ба шумо моил мешавад.
Ба шавҳаратон фаҳмонед, ки зиёд ғам нахўрда, аз пайи ёфтани ягон манбаи одии даромад шавад, масалан агар ҳунари ронандагӣ дошта бошад, метавонад ягон мошинро иҷора гирифта кор кунад ё ба ҳамин монанд ягон кори дигар ёбад. Маблағи калон кор накунад ҳам, бо кор андармон шуда, мард мушкилашро фаромӯш мекунад ва зудтар ба худ меояд, бар замми ин, оилаатон тамоман бе пул намемонад.