Sebiston new 2024 october
Баррасии таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ
29.11.2024
ОИЛА.ТҶ
259

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар, дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ ва шарикон оид ба рушд иштирок намудаанд.

Мизи мудавварро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода ифтитоҳ намуда, оид ба ҳадаф ва мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ба ҳозирин маълумот пешниҳод кардааст.

- Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён доир ба вазъи имрӯзаи солимии занони ҳомила ва нишондиҳандаҳои солимии кӯдакони аз 0 то 59-моҳа, нақшаи кории лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои КАТС”, беморшавии кӯдакона то 59 моҳа вобаста ба норасоии иловаҳои витаминӣ, нақша ва амалигардонии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, аҳамияти микронутриентҳо барои солимии занони ҳомила ва инкишофи дохилибатнии ҷанин, аҳамияти иловаҳои витаминӣ барои рушди кӯдакони аз 6 то 59-моҳа, таҷрибаи шарикон оид ба рушд дар мубориза бо норасоии микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ва дигар мавзуҳои алоқаманд баромад карданд,- меафзояд манбаъ.

Доир ба масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифта, инчунин оид ба татбиқи босамари лоиҳаи мазкур фикру андешаҳо ироа гардидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД