arzon replenishment
Баррасии барномаи рушди маблағгузорӣ дар мулоқоти маҷозӣ
1001

Татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул (Assets based Finance - ABF)» дар мулоқоти маҷозии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, Сироҷиддин Икромӣ аз саҳми IFC дар тақвияти идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ, такмили махзани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мусоидат дар рушди хизматрасонии молиявии муосири рақамӣ сухан намуда, татбиқи ин лоиҳаро дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намудааст. Таъкид шудааст, ки татбиқи ин тарҳ метавонад дастрасии молиявиро барои соҳибкории хурду миёна аз ҳисоби такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, технологӣ ва экосистемаи институтсионалии ABF васеъ намояд.

Ҷониби IFC барои муайян кардани модели мувофиқ барои ҷорӣ намудани платформаи электронӣ бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамояшро бо пешниҳоди моделҳои гуногун муаррифӣ намудааст.

Дар мулоқот оид ба корҳои аҷомдода, мушкилиҳои ҷойдошта ва банақшагирии истифодаи Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда (махзани ягонаи иттилоотии электронии уҳдадориҳои таъминшуда) баҳри ҷорӣ намудани Платформаи миллии электронӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи ABF шунида шудааст.

Истифода аз таҷрибаҳои фаъоли давлатҳои Туркия, Чин ва Мексика дар ин самт қобили қабул арзёбӣ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД