Дар Ҷумҳурии Молдова бо ташаббуси Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои муҳоҷират байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Молдова баргузор гашт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ин чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок намуд.
- Дар доираи чорабинии мазкур вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо вазири тандурустии Молдова Алла Немеренко доир гашт, ки дар он масъалаҳои дастрасии муҳоҷирон бо хизматрасонии тиббӣ, ёрии равонӣ ва дастгирии ин табақа, рақамикунони соҳаи тандурустӣ, омодасозии мутахассисони соҳа ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин чорабинии сатҳи баланд иштирок доштааст.