sebiston july new
Барои пешгирии зуком дар баҳор чӣ бояд кард?
551

 

Ҳавои баҳорӣ зуд-зуд тағйир ёфита меистад. Субҳ офтоб медурахшад, вале нисфирӯзи ё бегоҳ борон ё сел меборад. Тағйирёбии боду ҳаво боиси он мегардад, ки кас тез-тез шамол кашида, бемор шавад. Мехоҳед донед, ки барои пешгирии зуком дар баҳор чӣ бояд кард? Пас муттаваҷҷеҳ бошед!

Ба ғизои худ диққат диҳед!

Ғизои солими аз равған, сафеда ва витаминҳо бой системаи муҳофизатии организм-иммунитетро пурқувват гардонида, имконият фароҳам меорад, ки ҷисми шумо бо шамолкашӣ, зуком ва дигар бемориҳо мубориза барад.

1. Дастонатонро тез-тез бишӯед!

Тез-тез шустани дастон хатари гирифторшавӣ ба шамолкашӣ ва зукомро 20% паст мекунад. Вирусҳо муддати дурудароз дар ашёҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, аз ҳамин сабаб аксаран мо на аз атса задан ё сулфидани бемор дар наздамон, балки аз даст расондан ба ашёҳое, ки дар рӯяшон вирусҳо нишастаанд, сироят ёфта, бемор мешавем. Солим мондан хоҳед, дастонатонро тез-тез бо собун шӯед.

 

2. Аз баромадан ба кӯча натарсед

ва равзанаи тирезаро кушода монед

Солим мондан хоҳед, ҳавои хонаро тоза карда истед ва ҳар бегоҳ барои сайругашт ба кӯча бароед.

Киҳо бештар ба зуком гирифтор мешаванд?

Модарон ва падарон

Дар оила фарзанд бошад, волидон соле 5-6 бор ба ба зуком гирифтор мешаванд, агар набошад, ҳамагӣ 1-2 маротиба. Чаро?

Хатари сироятёбӣ аз зуком дар боғчаи бачагона ва мактаб зиёд аст, иммунитети кӯдакон бошад, хеле заиф буда, на ҳамеша бо вирусҳо муқовимат карда метавонад. Бо ҳамин сабаб волидон бештар аз фарзандони худ аз зуком сироят меёбанд.

Ронандагон

Бештар ронандагон ба зуком гирифтор мешаванд. Сабаб чист?

Ба назар чунин мерасад, ки одамони мошини шасхӣ дошта набояд шамол хӯрда, касал шаванд, чунки онҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ рафту омад намекунанд ва касе ҳам дар мошинашон атсаю сулфа намезанад, вале таҷриба нишон медиҳад, ки баръакс ҳамин тоифа бештар ба зуком гирифтор мешаванд. Сабабаш дар он аст, ки ронандагон либоси тунук мепӯшанд.

Ошиқони тамоку

Кашидани ҳамагӣ 1 дона тамоку кори мӯйчаҳои даруни биниро, ки монеъи ворид шудани вирусу бактерияҳои зараровар ба ҷисми инсон мегарданд, ба муддати 30–40 сония бозмедорад. Дар ин муддат кас метавонад сироят ёбад.

Одамони камхоб

Шахсоне, ки дар як шабонарӯз камтар аз 7 соат хоб мераванд, назар ба онҳое, ки 8 соат бароҳат мехобанд, 3 маротиба бештар ба зуком гирифтор мешавнад.

Шахсоне, ки ба стресс гирифторанд

Доим дар ҳолати фишори психологӣ қарор доштан системаи муҳофизатии ҷисми инсон-иммунитетро заиф мегардонад. Аз ҳамин сабаб, шахсоне, ки тез-тез ба стресс гирифтор мешаванд ё корашон бо ҳаяҷони доимии рӯҳӣ алоқамандӣ дорад, бештар бемор мешаванд. Давоми ним сол дар ҳолати стресс қарор доштан хатари шамолкашӣ ва зукомро ду маротиба зиёдтар мекунад. Шумо як соли дароз ҳаяҷони руҳӣ дошта бошед, хавфи сироятёбиатон аз зуком 4 маротиба бештар хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД