Аввали солҳои 50-уми асри гузашта дар деҳаи дурдасти куҳистони Зағорак ҳодисаи басо ғайричашмдоште рӯй дод ва онро бачаи кунҷкову бодпо барқосо ба манзили истиқоматиаш, ки дар поёни русто, дар лаби Дашти калон ҷойгир буд, оварда ба модараш ҳарсасзанон расонд:
-Оча, очаҷон! Амаки Кенҷа аз хизмати аскарӣ зани урус овардааст. Мӯйи сараш заб-зарду чашмонаш каб-кабуд. Куртааш бе остину пойҳояш аз зону поён луб-луч. Касбаш духтурӣ будааст. Як шишачаи дарозаки рақамдор дорад. Ба таги каши холаи Майдагул тиққонда, пас аз лаҳзае онро гирифта аз назар гузаронд ва гуфт, ки табаш баланд аст ва як доруи майдаяки кулчамонанд хӯронд. Як оҳани қошуқмонандро ба ҳалқи апаи Зиёда монда, касалиашро ҷоғар муайян кард. Асбоби ду банди сиёҳчадор низ дорад. Як нӯги бандро ба як гӯшаш ва нӯги дигарашро ба гӯши дуюмаш халонда, шишачаи гирдакашро ба қафаси синаи Зардакшо монда, хеле гӯш кард. Баъд ба модараш фармуд, ки ӯро на ба назди мулло, балки фавран ба беморхонаи шаҳрак барад. Бечора Зардакшо доимо месулфад-ку. Сӯзани нӯгтезашро ба думбаи Зардакшо халонда, дору гузаронд. Латаи сиёҳро ба банди дасти бобои Тӯрахон печонида, бо тӯбча дам карда гуфт, ки фишори хунаш баланд аст ва ӯ бояд доимо парҳезӣ кунад.
Оча, номаш ҳам аҷоиб. Зина. Нардбон не. Шаттапоя ҳам не. Дар урусҳо ҳамин тавр ном ҳам мешудааст. Ӯ чунон хушрӯй аст, ки ҳама аз ҳусну ҷамолаш дар ҳайрат монданд. Забони тоҷикиро ҳам медонистааст. Амаки Кенҷа дар аскарӣ ба ӯ ёд дода будааст.
Ана, очаҷон, деҳаи мо ҳам соҳиби табиб гашт. Беморон дигар ба назди ҳамон муллои бадқавоқ намераванд.
-Э, бачам,-холаи Ғафлатмо аз ин хабари писараш дар ҳайрат монда бошад ҳам, ақидаи худро баён кард. - Аз даму дуои мулло Назарқул намонем. Мулло як каромот кунад, тухми касалию беморӣ намемонад. Ин гапҳои гуфтагиат ба як куфу сӯфи домулло намеарзад.
-О, Зардакшо, бо як доруи ин табиб аз сулфидан монд, - эътироз кард Суннат. –Тӯмору таштови мулло ҳеҷ фоидае наовард-ку. Магар бемориро бо куфу суф сиҳат кардан мумкин аст?
-Дар ҳақи мулло гапҳои пасту баланд назан,-холаи Ғафлатмо саҳл овозашро баланд кард.-Куфр мешавад. Кофир мешавӣ. Нӯги забонатро бигаз ва бигӯй, ки тавба кардам. Ба хона даро. Бевақт шуд. Хоб рав. Пагоҳ навбати подабонии мо. Барвақт хестанат даркор. Подаи мардумро ба пуштаи Сангвор бубар. Алафаш бисёр. Бегоҳӣ барои гов як дарза алаф ҳам биёр.
-Хуб шудааст, очаҷон, -Суннат ба хона даромада, болои курпа дароз кашид ва то дер хобаш наомад. Дар назараш симои зани меҳрубон ва ҷунбуҷулу дору додани Зина чарх мезад…
-Хез, хез, бачаҷонам, хез,-холаи Ғафлатмо бо меҳр сари писарашро сила кард. -Хез! Мардум гову молашро пушти хона ҳай карда овард. Дер карда истодаем. Офтоб ҳам як қулоч аз болои куҳ баланд шудааст. Дар рӯймол тӯшаатро печонда мондам. Нисфирӯзӣ дар чашмаи Дегрез нонатро тар карда, таҳтул мекунӣ.
Суннат дар сари пода ҳамчун даҳмарда таёқро ба миёнаш монда, роҳи пуштаи Сангворро пеш гирифт. Ба чарогоҳ расида гову молро ба ҳоли худ гузошт ва пойҳои лучашро сӯи бутаи сипанд дароз кард. Бӯйи хуши алаф ба подабон таъсир кард, ки ӯ бо ангушти калони пойи росташ бутаро алвонҷ додан хост. Мори сиёҳи дароз, ки хоби ба роҳаташро чӯпонбача халалдор карда буд, барқвор ҳуҷум карда, ба пушти пояш дандон зад. Аз дарди ногаҳонӣ Суннат дод зада, аз ҷояш хест ва морро дид, ки аллакай ба сӯрохӣ даромада рафт. Аз сӯзиши дард ашки чашмонашро нигоҳ дошта натавониста, ба ҳиққосзанӣ даромад. Баъд ба хотираш дорую дармони Зина расид. Аз ҷой ҷаҳида, ба сӯи деҳа давид.
Зина бачаи гирёнро болои курпача шинонда, бо меҳр пурсид:
-Йигити капа-калон шуда, чаро гиря мекунӣ? Ба ман бигӯй, ки чӣ ҳодиса рӯй дод?
-Маро мор газид, - аз сӯзиши дард аз аввала ҳам баландтар ба ҳунгосзанӣ даромад Суннат.
-Аз куҷоят газид?-Зина саросема сарпӯши қуттии гирдаи ялақосиашро кушод. - Ба ман ҷойи ҷароҳатро нишон бидеҳ.
-Ана, ин ҷо, - Суннат пушти пойи росташро нишон дод.
-Ту гиряро бас бикун, - табиб шитобон пахтаро ба спирт тар карда, ҷойи захмро тоза кард ва бо банди сиёҳи резинӣ аз зону поёнро сахтакак баст. Лабҳои пураи гарму нармашро болои ҷароҳат гузошта, ба макидан даромад. Амали табиб барои атрофиён аҷоиб ва диққатангез менамуд. Чунин рафторро онҳо бори нахуст медиданд. Зина бошад, ба нидоҳои тааҷҷубу ҳайратангези шоҳидон аҳамият надода, кори худро давом медод. Пас аз чанд лаҳзаи макидан оби даҳонашро ба табақча резонда, бо диққат аз назар мегузаронд. Ин рафтори ӯ беш аз ним соат давом кард. Дафъаи охирин хурсандона эълон кард:
- Заҳрро кашида баровардам. Бахтат баландӣ кард, бача. Туро аз дами марг наҷот додам. Агар сари вақт муроҷиат намекардӣ, кор расво мешуд. Акнун, ту бача, умри дароз мебинӣ.
Ҳамаро шодию хурсандӣ фаро гирифт. Мардум аз ҳунару дониши келини урусӣ қоил шуданд. Дар болои ин тантана холаи Ғафлатмо бо доду фиғон даромада, якбора ба шикоят гузашт:
- Фирӯз, бачаи ҳамсоя, хабар расонд, ки Суннатро мор газидааст. Давида мулло Назарқулро аз ҳодиса огоҳ кардам ва бо зорию тавалло аз ӯ тумор талаб кардам. Чун дид, ки дасту остинам холист, авзояш зуд тағйир ёфт. Гуфт, ки пеши заҳри морро на тӯмор мегираду на таштов. Худованд умри бачаатро то ба ҳамин рӯз муайян карда будааст. Беҳтараш ба хона рафта, ба маъракаи ҷаноза тайёриатро бин.
-Даму дуоят аз сарат монад, - гуфта ба сӯи хонаи Кенҷа давидам. -Ҳеҷ гумон надоштам, ки ин гӯрсӯхта ин қадар дили сиёҳ доштааст.
-Писаратро аз дами марг наҷот додем, - Зина бо табассуми ба худ зебанда ва бо дасташ Суннати дар болои курпача дароз кашидаро нишон дод.
-Ина, як зурёти бегона пеши фалокатро гирифта, бачаамро аз марг раҳо кард, -холаи Ғафлатмо худро пеши пойи Зина партофт. - Кофирам бошад дилаш бо меҳр будааст. Дар хоки пот мурам, духтури ҷон. Акнун ман як умр аз ту қарздорам. Ӯ, муллои хонасӯхта, як сухани тасаллобахш ҳам ба забон наовард. Зинаҷон, бачама наҷот додӣ, ӯро ба ту бахшидам. Поку пиҳил. Бигир, ба ту дастёр мешавад. Касабаатро ба ӯ ёд бидеҳ, то ки ба мардуми деҳа хизмат кунад.
-Раҳмат, холаҷон,-Зина аз китфони зан гирифта, барои қоматашро боло бардоштан ёрӣ расонд. - Бачаат ба худат насиб кунад. Ман ҳоло ҷавонам ва барои Кенҷаҷонам чун Суннати шумо писар мезоям.
-Иллоҳо малоикаҳо омин гӯянд ва ин нияти неки ту мустаҷоб гардад, -холаи Ғафлатмо табибро ба оғӯш гирифта, аз ҳар ду бари рухсораҳои анормонандаш бӯсид. -Нияти нек ними давлат гуфтаанд. Пагоҳ мебинӣ, ки Кенҷа соҳиби як писари заркокул мешавад.
-Ташаккур, холаҷон, - Зина ба холаи Ғафлатмо пайравӣ карда, даст ба рӯй кашид. -Суннат се рӯз дар хонаи мо мемонад. Ба ҳолати саломатиаш ман бояд назорат кунам. Аз бало ҳазар гуфтаанд. Ба ӯ каме дорую дармон доданам лозим аст.
-Майлаш, духтари меҳрубон, Бо ҷону дил, - холаи Ғафлатмо сари писарашро ба сандуқи синааш зер карда, чанд лаҳза рехтани оби чашмашро нигоҳ дошта натавонист. Баъд худро ба даст гирифта, ба писараш муроҷиат намуд:
-Суннатҷон, бачам, некии ин зани поквиҷдонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун. То он даме, ки ҷон дар баданат ҳаст, ба ин духтур хизмат мекунӣ. Агар ҳамин насиҳати маро иҷро накардӣ, як дастам аз гӯр болост. Ваъда бидеҳ!
-Қавл медиҳам! - Суннат бо овози баланд ҷумларо ба забон овард, то ки ҳама шунаванд…
Кенҷа то баъзе корҳояшро ба анҷом расонида, аз бозори шаҳрак майда-чуйда харидан рӯзро бегоҳ кард. Ҳамин ки ба сари пӯли ларзонак расид, шаб аз нисф гузашта буд. Шитоб дошт ҷавонмард. Ӯро дар хона ҳамсари меҳрубону ғамхораш интизор аст. Бо қадамҳои устувор то мобайни купрук расидан баробар ҳар ду банди муқобили пӯл канда шуда, ӯ бо халтаву бору путукаш сарозер ба қаъри дарё афтид ва ҷараёни тези он Кенҷаро ба коми худ фурӯ бурд. Ҷасадро баъди се рӯз дур аз деҳа ёфтанд. Ғаму ғуссаи Зина ҳадду канор надошт. Баъди се рӯзи ҷаноза деҳаро тарк кард ва дигар аз ӯ на ном монду на нишон. Фақат Суннат монду қавлу қасамаш…
Аз байн чил сол гузашт ва ҷустуҷӯйи Суннат барои дарёфт кардани наҷотбахшаш бе натиҷа монд. Бо айби хурдсолиаш ӯ насаби Зинаро напурсида буд ва милиса ба пурсишҳояш даст афшонда ҷавоб мегардонд:
-Додар, медонӣ, ки дар республика чанд Зина ҳаст? Ду ҳазор. Рав ва бо ин шилқиниат сари маро гаранг накун!
Умеди дарёфт кардани табиби ҳаётбахшро аз дил бароварда, рӯзе ба бозори «Баракат» маҳсулоти зироатиашро баровард. Субҳи барвақт помидорҳои сурхи пухтаашро болои пештахта чида, интизори харидорон шуд. Кампири русе бо либосҳои куҳнаю дарида ба ӯ наздик шуда пурсид:
-Писарам! Килои помидорат чанд сомонӣ?
-Даҳ сомонӣ, - аз бӯю тафи кампир рӯй турш карда, бо дили нохоҳам ҷавоб гардонд Суннат.
-Қимат, - рӯй гардонд харидор, - ниҳоят гарон, - ва кампир ба сӯи дари баромад тоб хӯрда, чанд қадам гузошт.
(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД)