Arzon march 2024
Барои барқарор кардани хотира чиҳо хӯрдан лозим аст?
2844

Вақтҳои охир хеле хотирпарешон шудаам, ҳатто чизҳои одитарин аз ёдам мераванд. Барои фаромӯшхотириам ҳам дар ҷойи кор ва ҳам дар хона гап мешунавам. Ба духтур муроҷиат намудам. Дору навиштанд ва тавсия доданд, ки ба ғизои худ низ диққати ҷиддӣ диҳам. Илтимос, бигӯед, ки барои мустаҳкам шудани хотира чиҳо хӯрдан лозим аст?

ГУЛНОРА, сокини шаҳри Ваҳдат

Посух:

- Дар ҳақиқат тақвияти хотира аз бисёр ҷиҳат ба таркиби маҳсулоте, ки мо истеъмол мекунем, вобастагӣ дорад. Агар дар ғизои ҳаррӯзаи шумо хӯришҳои гуногун аз меваҳои хушк, шарбати сабзӣ, равғани зайтун, як бурида панир, фалла (творог), шоколади сиёҳ, меваю сабзавот мавҷуд бошад, шумо ҳатто дар бораи гум шудани хотира хавотир нашавед.

Аммо якбора истеъмол кардани ҳамаи ин маҳсулот имконнопазир аст. Аз ин рӯ, шумо бояд онҳоро дар давоми рӯз кам-кам бихӯред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД