arzon replenishment
Барои ба ғуломии меҳнатӣ наафтодан чи бояд кард?
3526

 

Барои ба ғуломии меҳнатӣ

наафтодан чи бояд кард?

  1. Ғуломии меҳнатӣ чист?
  2. Хавфи афтодан ба ғуломии меҳнатӣ ба киҳо таҳдид мекунад?
  3. Сабабҳои гирифтор гаштан ба ғуломии меҳнатӣ
  4. Нишонаҳои ҳушдордиҳанда
  5. Барои худро аз ғуломии меҳнатӣ эмин доштан чи бояд кард?
  6. Ҳуқуқҳои меҳнатии худро донистан мехоҳед?
  7. Ҳуқуқҳоятонро поймол карданд, чи бояд кард?
  8. Ба ғуломи меҳнатӣ табдил додани шахс ҷиноят аст!
  9. Ташкилотҳое, ки муҳоҷирони меҳнатиро дасгирӣ мекунанд.

Ғуломии меҳнатӣ чист?

Ғуломии меҳнатӣ ба мушкилоти хеле ҷиддӣ дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Бо ин зуҳуроти номатлуб имрӯз дар аксари кишварҳои олам рӯ ба рӯ гаштан мумкин аст. Водор намудан ба меҳнати маҷурӣ, фароҳам наовардани шароитҳои зурурии корӣ барои коргарон аз ҷониби корфармо ва кор кардан дар шароити сангин, пурра ё қисман пардохт нашудани музди меҳнат, ба вуҷуд овардани вобастагии қарзӣ, маҳрумият аз гирифтани мукофотпулӣ, рухсатии меҳнатӣ ва ҳаққи истироҳат дар рӯзҳои ид, зиёд кардани миқдори рӯзу соатҳои корӣ, бидуни пардохти ҳаққи иловагӣ, муносибати бераҳмонаи корфармо нисбат ба коргар ва поймол гаштани ҳуқуқҳои меҳнатии инсон-коргар аз ҷониби корфармо аз зумраи мушкилоти асосии шахсоне мебошад, ки ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор гаштаанд.

 Хавфи афтодан ба ғуломии меҳнатӣ

ба киҳо таҳдид мекунад?

Гирифтор намудани шахс ба ғуломии меҳнатӣ ҷинояте мебошад, ки ба муқобили шахсияти инсон содир гашта, дар натиҷаи он ҳуқуқҳои фардӣ ва меҳнатии шахс поймол карда мешаванд. Ба ғуломии меҳнатӣ бештар муҳоҷирони меҳнатӣ, одамони бехонумон (бомжҳо)   ноболиғон, занону духтарон ва дигар намояндагони қишҳои осебпазири ҷомеа, ки имкони дифоъ намудан аз ҳуқуқҳои худро надоранд, гирифтор мешаванд. 

Сабабҳои гирифтор гаштан

ба ғуломии меҳнатӣ

Сабабҳои асосии гирифтор шудани муҳоҷирон ба ғуломии меҳнатӣ дар кишварҳои хориҷӣ инҳоянд:

  1. Зудбоварӣ, фирефта шудан ба ваъдаҳои хушку холӣ
  2. Маърифати пасти ҳуқуқӣ ва надонистани қонун
  3. Дифоъ карда натавонистан аз ҳуқуқҳои худ
  4. Надонистани забони кишвари қабулкунанда
  5. Тарсу ҳарос аз гирифтор гаштан ба ҷазои сангин
  6. Вобастагии қарзӣ
  7. Набастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо

Нишонаҳои ҳушдордиҳанда

Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ, махсусан ҷавонмардон боварӣ доранд, ки ҳаргиз ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор намешаванд, зеро онҳо ба зӯри бозӯи худ эътимод мебанданд, вале хавфи гирифтор гаштан ба ғуломии меҳнатӣ дар мулки бегона новобаста ба қувваи ҷисмонӣ ва донишу малакаи инсон ба ҳар як шахс таҳдид карда метавонад.

Аксаран одамон нишонаҳои ғуломии меҳнатиро пай баранд ҳам, аҳамият надода, ба кор кардан бо корфармоёни бе виҷдон розигӣ медиҳанд ва дидаву дониста худро ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор месозанд, бинобар ин, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳушёр бошанд. Нишонаҳои зерин аз хавфи гирифтор шудан ба ғуломии меҳнатӣ дарак дода метавонанд:

  1. Бо баҳонаҳои гуногун қарздор кардани шахс бо мақсади ба вуҷуд овардани вобастагии қарзӣ
  2. Истифода бурдани таҳдид ва зӯроварӣ нисбати коргар
  3. Бо коргар шартномаи меҳнатӣ набастани корфармо
  4. Бурдани бухгалтерияи сиёҳ ва аниқ набудани музди меҳнат
  5. Зӯран гирифтани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои коргар
  6. Бе асос зиёд кардани микдори рӯзу соатҳои корӣ
  7. Маҳдуд намудани озодии коргар
  8. Эҷод намудани монеъаҳои сунъӣ барои робита бо пайвандон.

Агар шумо нишонаҳои дар боло зикр шударо пай бурда бошед, беҳтараш аз кор кардан бо ин корфармо ё ширкат худдорӣ намоед, зеро хавфи ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор гаштанатон вуҷуд дорад.

Барои худро аз ғуломии меҳнатӣ

эмин доштан чи бояд кард?

Барои худро аз ғуломии меҳнатӣ эмин доштан ба қоидаҳои зерин риоя намудан лозим аст:

  1. Дар бораи корфармо маълумоти пурра ва дақиқ нагирифта, танҳо бо даъвати шиносҳо ё хешу табор барои кор кардан дар корхонае, ки дар борааш чизе намедонед, ба муҳоҷирати меҳнатӣ наравед.
  2. Эълони кор дар хориҷаро бо воситаи агентӣ ва ширкаҳои давлатии бо кор таъминкунӣ пайдо карда бошед ҳам, пеш аз оне, ки дархост мегузоред, дар бораи он ширкат тариқи интернет маълумот бигиред. Барои ин номи ширкат ва брендеро, ки таҳти он фаъолият менамояд, ба поискавик ворид намудан кифоя аст, ки дар борааш маълумот бигиред, агар ширкат қонунӣ бошад.  
  3. Анҷом додани амалҳои ба ғуломии меҳнатӣ монанд нисбат ба коргарон дар баъзе ширкатҳои калон низ ба назар мерасад, бинобар ин, санҷед, ки ширкат то кадом андоза шаффоф кор мекунад ва оё кормандону мизоҷонаш аз он розӣ ҳастанд ё не. Барои ин дубора номи ҳамон ширкат ва брендашро навишта калимаи “машенники” ва ба ҳамин монанд ибораҳои дигари тафсиргари фиребу найрангро ворид намоед. Дар сурати вуҷуд доштани фиребгарӣ дар ширкат шумо назари фиребхӯрагонро дар ин бора дар интернет пайдо карда метавонед.
  4. Вақте ба Россия ё кишвари дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравед, ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ бандед ва пеш аз имзо гузоштан ба шартнома онро бо диққат хонда, миқдори рӯзу соатҳои корӣ, музди меҳнат ва дигар шартҳои корро дақиқ намоед. Фаромӯш накунед, ки корфармо бояд як нусхаи шартномаи меҳнатиро ба коргар диҳад. Шартнома дар як нусха тартиб дода шуда бошад, баъди ба ҳуҷҷат имзо гузоштани корфармо ҳатман он нусхаро бигиред, бигзор маъмурияти корхона барои худашон боз як нусхаи дигар чоп кунанд.
  5. Кӯшиш кунед, ки аз рӯзҳои аввали ба фаълияти меҳнатӣ сар карданатон ҳарчи бештар далел ҷамъоварӣ намоед, то дар ин ширкат кор кардани шуморо собит созад. Варақаҳои иҷозаи вуруд ба корхона (пропуск)- ро ҷамъоварӣ намоед, дафтари вуруди коргаронро, ки дар он вақту соати даромадан ва баромадани шумо низ қайд шудааст, сурат бигиред, ҳамроҳи ҳамкоронатон дар вақти корӣ аксҳое гиред, ки дар онҳо дар куҷо қарор доштан ва чи кор карданатон маълум бошад ва ҳамаи ин далелҳоро дар телефон ва махзанҳои интернетии худ маҳфуз нигоҳ доред. Дар сурати музди меҳнати шуморо надодан ё қисман пардохт накардани корфармо ин далелҳо дар суд барои исбот кардани он ки дар ҳақиқат шумо дар ин корхона кор кардед, лозим мешаванд.

Ҳуқуқҳои меҳнатии худро донистан мехоҳед?

Барои ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор нагаштан пеш аз ҳама худи шахс бояд ҳуқуқҳояшро бидонад. Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ инҳоянд:

  1. Ҳуқуқ ба меҳнат

Ҳар як коргар ҳуқуқ дорад, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ кор кунад.

  1. Ҳуқуқ ба гирифтани музди меҳнат

Ҳар як коргар ҳуқуқ дорад, ки музди меҳнати худро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра бигирад, ҳамчунин барои дастовардҳо дар кор ва ба муносибати идҳо метавонад соҳиби мукофотпулӣ гардад.

  1. Ҳуқуқ ба истироҳат

Ҳар як инсон-коргар ҳуқуқ ба истироҳат дорад. Рӯзҳои истироҳат ва рухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи меҳнатӣ дар мувофиқа бо корфармо муайян карда мешавад.

  1. Таъмини бехатарӣ

Корфармо ӯҳдадор аст, ки бехатарии кормандонашро дар ҷойи кор таъмин намуда, шароити зарурии кориро фароҳам оварад.

  1. Ҷуброни зарар ба саломатӣ

Агар дар ҷойи кор ва дар вақти корӣ ягон фалокат ё садамаи истеҳсолӣ рӯй диҳад, корфармо ӯҳдадор аст, ки ҷуброни зарари ба саломатии коргар расидаро пардохт намояд.

  1. Ҳуқуқ ба гирифтани ёрии тиббии ройгон

Дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои нохуш, садама, захмӣ шудан, заҳролудшавӣ ва гирифтор гаштан ба бемориҳое, ки барои саломатии инсон хавфнок маҳсуб меёбанд, ёрии тиббӣ ба таври ройгон расонида мешавад.

Ҳуқуқҳоятонро поймол карданд, чӣ бояд кард?

Дар сурати поймол гаштани ҳуқуқҳояш аз ҷониби корфармо коргар ҳақ дорад, ки ба мақомоти дахлдор муроҷиат намуда, кӯмак пурсад. Дар Федератсияи Россия ҳуқуқҳои меҳнатии шуморо поймол карда бошанд, метавонед ба Нозироти давлатии меҳнат, ки дар назди Вазорати меҳнати Федератсияи Россия амал мекунад, муроҷиат кунед. Тибқи қонунҳои Россия дар сурати беш аз 3 моҳ пардохт нагаштани музди меҳнат коргар ҳуқуқ дорад, ки ба суд бо ариза муроҷиат намуда, ҳаққи заҳмати худро бо роҳи қонунӣ рӯёнида гирад.

Мабодо дар ҷойи кор ба шумо таҳдид карда, зӯран ҳамчун ғулом кор фармуданӣ шаванд, лату кӯб намоянд ё ҳуқуқҳои меҳнатиатонро поймол намуда, шаъну шарафи инсониатонро паст зананд, метавонед ба прокуратура шикоят кунед ё ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилии Россия занг занед.

«Горячая линия» МВД. РФ: 8 (800) 500-27-29

ш. Москва,Вилояти Москва 8 (499) 653-60-72

горячи

Ба ғуломи меҳнатӣ табдил

додани шахс ҷиноят аст!

Шахсро ба моликияти худ табдил додан ва ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор намудан ҷиноят буда, барои ин амал ҷазои сангин дода мешавад. Дар моддаи 127.2-и Кодекси Ҷиноятии Федератсияи Россия барои ҳамчун моликияти худ истифода бурдан ва ба меҳнати маҷбурӣ водор кардани шахс ҷавобгарии ҷиноятӣ дар шакли маҳкум кардан ба корҳои ислоҳӣ ё маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки агар корфармо шахсеро ҳамчун ғуломи меҳнатӣ истифода барад ва ин амалаш дар рафти тафтишот ва суд бо далелҳои раднашаванда исботи худро ёбад, суд метавонад ӯро то 5 сол зиндон кунад.

Ҳамин амал нисбати зиёда аз ду шахс ё ноболиғ содир гашта бошад ва ё ҷинояти мазкур аз ҷониби шахси мансабдор содир гардад, ҷабрдида мавриди шантаж ва таҳдиду зӯроварӣ қарор гирифта бошад ё ҳуҷҷатҳояшро аз дасташ зӯран гирифта несту нобуд карда бошад, дар ин ҳол ҷавобгарии ҷиноятӣ дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 10 сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб то 15 сол пешбинӣ шудааст.

Дар сурати бо сабаби лату кӯб ва муносибати бераҳмона нисбат ба шахси ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор шуда ба ҳалокат расидани ҷабрдида ё зӯроварии гурӯҳи нисбат ба шахс ҷавобгарии ҷиноятӣ вазнинтар гашта, шахсоне, ки ба чунин амалҳо даст мезананд тибқи қонунҳои Россия аз 8 то 15 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Дар ҳолати гирифтор гаштан ба ғуломии меҳнатӣ ва шантажу лату кӯбу зӯроварӣ шумо метавонед бо телефонҳои зерин занг занед:

Прокуратураи генералии Россия.

Телефони боварӣ: 8(495)987-56-56 (Рақам 24 соат бе ягон маҳдудият шабонарӯзи кор мекунад)

 прокуратур русия а

Рақамҳои телефони боварии прокуратураи генералии Россия дар минтақаҳои дигар.

Москва ва Вилояти Москва:

Тел: +7(495)322-30-47. Аз 9.00 то 18.00

Санкт-Петербург:

Тел: +7(812)318-26-11. Аз 09:00 до 18:00.

Кострома

Тел: +7(4942)31-22-51. Аз 09:00 до 18:00

Ба телефонҳои минтақавӣ танҳо дар рӯзҳои корӣ занг задан мумкин аст.

 москав ва вилоят

Ташкилотҳое, ки муҳоҷирони

меҳнатиро дасгирӣ мекунанд

Дар сурати музди меҳнататонро надодан ва ҳуқуқҳоятонро поймол кардани корфармо метавонед ба ташкилотҳои зерин муроҷиат кунед:

Сафорати Тоҷикистон дар федератсияи Россия. суроға: 123001, ш. Москва, гузаргоҳи Гранатный13

иел: 8(495) 690-41-86
Web: www.tajembassy.ru

Маркази муқовимат ба савдои одамони ВКД. ҶТ

      Тамос: 227-07-07 ва 980-10-55-55

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия: тел:+7(495) 9679844 аз 9.00 то 18.00

ш. Москва. тел: +7(926) 462-62-01, +7 (903) 597-12-13,

ш. Санкт-Петербург. тел: +7( 964) 373-75-01

ш. Новосибиркс. тел: +7 (965) 358-61-61

ш. Уфа. тел: +7 (915) 488-32-23

ш. Хабаровск, тел: +7(909) 809-55-48 

онлайнинспекция. РФ-портали Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои қабули муроҷиатҳои электронӣ дар боби кор ва муҳофизати ҳуқуқҳои кормандон . 

 онлайниспекция

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД