Таҳмина Раҷабова, ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон аз марги Юсуф Раҷабов дар саҳифаи фейсбукияш чунин хабар дод.
“Бобоҷони апа, додари апа, сӯхтам барои ту, ҷону ҷигаракам. Аллоҳи меҳрубон ҷоята ҷаннат гардонад, ҷони апа”, - навиштааст Таҳмина Раҷабова.
Марҳум ҳамагӣ 32 сол дошт ва наздикон сабаби маргро марбути коронавирус медонанд.
Дар мавриди иллати даргузашти Юсуф, Таҳмина Раҷабова чизе нанавиштааст, аммо як узви оилаи Раҷабовҳо ба як манбаи муътамад изҳор дошт, ки марҳум гирифтори коронавирус буд.
Бархе аз корбарон зимни изҳори ҳамдардӣ ба аъзои хонаводаи Раҷабовҳо дар шарҳҳо изҳор доштаанд, ки “Худо ин вабои асрро аз сари башарият дур гардонад”. Бар асоси саҳифаҳои иҷтимоии Юсуф Раҷабов, ӯ чанд ҳафтаи қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол будаасту бо дӯстонаш шӯхиҳо мекардааст.

Худи Таҳмина Раҷабоваи 39-сола, ки дар марҳилаи аввали хуруҷи коронавирус дар Русия қарор дошту баъдан ба Тоҷикистон баргашт ва муддате дар карантин қарор дошт, гуфта буд, ки ӯ ва бархе аъзои оилааш ин бемориро паси сар карданд.
Раҷабова соли гузашта гуфта буд, ки аъзои хонавода бемориро сабук гузаронданд, аз ҷумла модари 63-солааш низ ин бемориро паси сар кардааст.
Р/S:
Аҳли қалами сомонаи Оила. Тч аз марги нобаҳангоми бардари Тахмина Раҷабова сахт андӯҳгин буда, ба хонаводаи эшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳем!
Р/S:
Аҳли қалами сомонаи Оила. Тч аз марги нобаҳангоми бардари Тахмина Раҷабова сахт андӯҳгин буда, ба хонаводаи эшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳем!