Formula novemver 2024
БАРҚАСДИ ШАВҲАРИ НОМАРДУ ПАДАРИ ЗОЛИМ ДАСТАМРО ГИРЕД, МАРДУМ!
4032

 

Салом ба мухлисони “Оила”. Ман Баҳора, сокини шаҳри Ҳисор, мехоҳам зиндагии мушкили худро ба шумо қисса карда, мадад пурсам. Таъриф нашавад, духтари хеле зебо ва хушқаду қомат ҳастам.

Талабгоронам бениҳоят зиёд буданд. Влидонам аз омаду рафти хостгорон безор шуда, баъди хатми мактаби миёна маро зуд ба шавҳар доданд. Ман ҳам мисли ҳар як духтар орзу доштам, ки зиндагии хушбахтона ба сар барам, вале ҳусну ҷамоламро дида, домод аз рӯзҳои аввали ҳаёти якҷояамон маро ба сояи худаш ҳам рашк мебурдагӣ шуд. Аз хона набароям ҳам, шавҳарам мудом “зани хушрӯй зани мардум аст” гуфта, маро бераҳмона лату кӯб мекард. Сару рӯям аз зарби мушту лагади шавҳари золим ҳамеша сиёҳу кабуд буд. Хонаводаи шавҳарам иҷозат намедоданд, ки ба ягон ҷо меҳмонӣ равам, ҳатто ба хонаи падару модарам дар ду-се сол як бор мерафтам.

Ҳамин тавр, бо азобҳои алим соҳиби ду фарзанд гаштем. Ростӣ, гумон доштам, ки баъди кӯдакдор шудан рашки шавҳарам камтар мешавад, лекин “кӯзапуштро хоки гӯр рост мекунад” гуфтагӣ барин, ин марди бадрашк одати бадашро ҳеҷ напартофт, ки напартофт. Вай ҳамоно маро мурданивор мезад ва бар замми ин, духтарбозӣ карда мегашт.

Билохира, кор ба ҷое расид, ки шавҳарам тамоман аз худ рафта, шабҳо ба хона намеомадагӣ шуд. Косаи сабрам лабрез гашт ва қаҳр карда, ба хонаи падарам рафтам. Падари фарзандонам гӯё маътали ишорат бошад, пас аз чанд рӯз ба хонаамон омад ва маро талоқ дода, кӯдаконамро гирифта бурд.

Одатан падару модарон дар чунин ҳолатҳо духтари бахтшикастаи худро дастгирӣ мекунанд, вале наздикони ман ба ҷойи дилбардорӣ кардан баръакс “оқибати хонавайронӣ ҳамин аст, сабр мекардӣ, шояд як рӯз не, як рӯз зиндагиат ширин мешуд ва номи бади бевагиро намегирифтӣ” гӯён, ба захмҳои дили сӯхтаам намак мепошиданд.

Хулоса, шавҳарам як моҳ пас зани дигар гирифт. Мехостам рафта бачаҳоямро биёрам, вале “нонхӯри зиёдатӣ ба мо даркор нест” гӯён, пайвандонам иҷозат надоданд.

Барои он ки дарди сари падару модар ва бародаронам нашавам, нангу номус карда, ғоибона ба донишгоҳ дохил шудам ва ба кор баромадам. Пул ҷамъ карда, замин гирифтам ва хоку қум харида, пойдевори хона рехтам, вале пулам тамом шуд. Мехоҳам ҳарчӣ зудтар барои худ як сарпаноҳ бисозам ва рафта, фарзандонамро аз хонаи шавҳарам биёрам, то ки дар дасти моиндар азоб накашанд, вале ягон шахси ғамхоре надорам, ки ман ба дасти ёрӣ дароз намояд. Умедам танҳо ба шумо, хонандагони “Оила” аст. Илтимос, барои ризои Худованд ба ман кӯмак расонед, то ки девори хонаамро бардошта, соҳиби як сарпаноҳ гардам ва ба дидори фарзандонам бирасам, чунки дурӣ аз фарзанд барои модар бадтарин ҷазо буда, дилу ҷигари занро пора-пора мекунад.

Баҳора, аз ш. Ҳисор

Р/С: Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин ҷавонзан дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 908-89-39-43

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД