arzon replenishment
Бар ҳомиёни ҳушёр, Иди Зафар муборак!
09.05.2025
Oila.tj
187

Бар ҳомиёни ҳушёр, Иди Зафар муборак!

Бар мардумони бедор, иди Зафар муборак!

Бар ҳомиёни ҳушёр, иди Зафар муборак!

Бар ошиқони Меҳан, бар боғу роғу гулшан,

Бар аскари сазовор, иди Зафар муборак!

Бар чашмаҳои ҷӯшон, бар лолаи гулистон,

Бар ламъаи нуру нор, иди Зафар муборак!

То ҳол аҳли олам раҳпоӣ менамояд,

Бар синаҳои афгор, иди Зафар муборак!

Аз хоки ҳар шаҳиде ояд садои нола,

Бар қалби зору бемор, иди Зафар муборак!

Бар хотири падарҳо, бар лаҳзаи зафарҳо,

Бар дилбари вафодор, иди Зафар муборак!

 

Иди зафар муборак!

Омад хабар зи Маскав,

Аз фатҳу нусрати нав,

Халқи далер бишнав!

Ин хушхабар муборак!

Иди зафар муборак!

Фашизм зери по шуд,

Таслими дасти мо шуд,

Бунёди ӯ фано шуд.

Ин хушхабар муборак!

Иди зафар муборак!

Имрӯз халқи кишвар,

Марду зани диловар,

Ҳар як сухан кунад сар,

Гӯяд: - Зафар муборак!

Бахти башар муборак!

Эй кишвари кабирам,

Ҳам лашкари далерам,

Сарбози беназирам,  

Ин хушхабар муборак!

Иди зафар муборак!

Мақсуд гашта ҳосил,

Аз мост фатҳи комил,

Гӯяд ба гӯш ҳар дил:

Иди Зафар муборак!

Бахти башар муборак!

Имрӯз шӯҳрати мо,

Овоза шуд ба дунё,

Гӯянд пиру барно:

Иди Зафар муборак!

Бахти башар муборак!

Дар шохи сарву сунбул,

Хонад суруд булбул,

Гӯяд ба ханда бо гул:

Иди Зафар муборак!

Бахти башар муборак!

Эй халқи меҳрубонам,

Урдуи қаҳрамонам,

Васфи туро бихонам,

Гӯям: - Зафар муборак!

Бахти башар муборак!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД