Бар асари заминларзае, ки дар қисмати шимолу ғарби Чин ба амал омад, дастикам 115 нафар ҳалок шуда, боз 400 каси дигар осеб дидаанд.
Заминларза дар музофоти Гансу қарибиҳои нимашаб рух дода, дар натиҷа садҳо хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳо дар Гансу ва музофоти ҳамсояи Синхай осеб дидаанд.
Тибқи маълумоти Хадамоти геологии Амрико қувваи заминҷунбӣ 5,9 балл ва умқи он 10 км-ро ташкил додааст.
Тавре ки хабаргузории Синхуа иттилоъ медиҳад, дар музофоти Гансу бар асари ин заминларза 105 нафар ҳалок шуда, 96 нафар осеб дидаанд, дар Синхай бошад, 13 нафар ҳалок шуда, 184 кас ҷароҳат бардоштаанд.
Тавре ки дар наворҳои аз минтақаи заминларза бардошташуда дида мешавад, наҷотдиҳандагон аз байни харобаҳои биноҳои фурӯрафта осебдидагонро берун меоранд.
Президенти Чин Си Ҷинпин изҳор доштааст, ки “барои баргузории корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ, табобати саривақтии маҷруҳон ва то ҳадди камтарин расонидани теъдоди қурбониён тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд”.