Arzon march 2024
Баҳодур Шерализода раиси Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон интихоб шуд
22.05.2025
Oila.tj
76

Дирӯз, 21-уми май дар шаҳри Душанбе Маҷлиси умумии ғайринавбатии интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода раиси нави федератсия интихоб шуд.

Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст, Баҳодур Шерализода бо ҷонибдории якдилонаи аъзои федератсия раиси Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ (FIE), ки соли 1913 таъсис ёфтааст, яке аз куҳантарин ташкилоти варзишии ҷаҳон ба шумор меравад. Қароргоҳи асосии он дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. FIE се навъи шамшербозӣ - рапира, шпага ва сабляро фаро гирифта, мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз ҷумла чемпионатҳои ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон ва Бозиҳои олимпиро ташкил менамояд.

Шамшербозӣ яке аз панҷ намуди варзиш аст, ки аз нахустин Бозиҳои олимпӣ дар Афина шуруъ аз соли 1896 то имрӯз ҳамеша дар барномаи олимпиадаҳо қарор дорад. Ҳоло ин федератсия беш аз 150 федератсияи миллиро муттаҳид менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД