Вақте ки инсон ба ин ё он намуди беморӣ гирифтор мешавад, табибон хӯрдани аксари меваҳоро барояш манъ мекунанд. Аҷибаш он аст, ки хӯрдани бананро духтурон ба тамоми беморон натанҳо иҷозат медиҳанд, балки ҳатто таъкид мекунанд, ки бештар банан хӯранд. Сабаби инро донистан мехостам.
САЛИМА, шаҳри Душанбе
Посух:
- Ба тамоми беморон хӯрдани бананро тавсия додани табибон беҳуда нест. Аслан одамоне, ки худро дӯст медоранд, ошиқи банан ҳастанд, зеро он ба саломатии инсон бениҳоят муфид аст. Банан манбаи асосии калий - моддаи аз ҳама зарурӣ барои кори бонизоми дил мебошад. Ғайр аз ин, аз оҳан бой буда, камхуниро пешгирӣ менамояд. Он дар муддати кӯтоҳ сатҳи гемоглобинро дар хун баланд намуда, кори дил ва рагҳои хунгарди онро ба танзим медарорад ва дар маҷмуъ ба тамоми организми инсон қуввату неруи тоза ато менамояд.
Ногуфта намонад, ки банан дар таркибаш боз триптофан ҳам дорад. Ин модда асабониятро бартараф намуда, дили инсонро моломоли эҳсосоти гуворо мегардонад.