Рӯзи 12 майи соли 2022 дар ноҳияи Ургут ҳангоми аз даруни балони газ баровардани маводи мухаддир таркиш ба вуҷуд омада, ду қочоқбар ҷароҳат бардоштаанд, хабар додааст, сомонаи Бомдод, бо такя бо Хадамоти матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Самарқанди Ӯзбекистон.
Хабаргузори менависад, ки ду сокини шаҳри Душанбе ва Бохтари Тоҷикистон, як миқдор афюнро дар дохили балони газ пинҳон карда, бо роҳи қочоқӣ аз Тоҷикистон ба ноҳияи Ургут овардаанд. Вақте ба мавзеи лозимӣ мерасанд, кӯшиш мекунанд, то маводи мухаддирро аз даруни балони газ бирун биоранд, вале дар ин вақт балон таркида, ҳарду қочоқбари бахтбаргаштаро бо сару рӯю даст ва бадани сӯхта дар бемористони ноҳияи Ургут бистарӣ кардаанд.
Ноҳияи Ургути Узбекистон бо шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз буда, дар ин қисмати марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон гузаргоҳи марзии Ҷартеппа – Саразм амал мекунад.