Arzon march 2024
Бахтиёр Иброҳимов 50-сола шуд!
12.04.2022
Оила
1300

Имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати эстрадии тоҷик, эҷодкори ҷӯяндаву сертакопӯй, Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов ҷашни милод дорад. Ин марди чусту чолок зоҳиран хеле ҷавон менамояд ва кас гумон мекунад, ки шояд 30 ё 35 сола бошад, вале имрӯз Бахтиёр Ибрҳимов ба синни мубораки 50-солагӣ расид.


Ин ҳунарманди хушсалиқа санаи 12 –апрели соли 1972 дар шаҳри Исфараи Вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Азбаски дар “Рӯзи космонавтика” ба дунё омада буд, волидонаш боварӣ ва умед доштанд, ки писарашон ҳатман космонавт ё летчик мешавад, вале Бахтиёр ҷодаи дигарро интихоб намуд. Ӯ қарор дод, ки ҳаёти худро бо мусиқӣ пайваста, бо эҷоди таронаҳои орифонаву ошиқонаи гушнавоз ба кайҳони дилҳо роҳ мекушояд.


Бахтиёр Иброҳимов бисёр завқи баланд дошта, на ҳар суруду оҳанг писандаш меояд. Ӯ дастпарвари Донишкадаи санъати Тоҷикистон (соли 1992) мебошад ва ҳамчун ҳунарманди касбӣ нисбат ба суруду мусиқӣ хеле сахтгир ва серталаб аст. Кӯшиш мекунад, ки пайваста ҳунари худро такмил дода, таронаҳое офарад, ки умри якрӯзаву дурӯза не, балки умри ҷовидонӣ дошта бошанд. Бурди Бахтиёр Иброҳимов дар он аст, ки мусиқии эстрадии тоҷикро бо мусиқии эстрадии ғарбӣ хеле моҳирона пайваставу синтез карда, таронаҳои ба табъу завқи ҷавонони муосир ҷавобгӯй меофарад.


Бахтиёр Иброҳимов ҳамчун ҳунарманд ба қуллаҳои баланд расидааст ва аз соли 2012 инҷониб роҳбарии яке аз ансамблҳои хеле машҳури Тоҷикистон-Оркестри Давлатии эстрадии “Гулшан”-ро ба дӯш дорад. Оркестри “Гулшан” дар замони Шӯравӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари СССР машҳур буд ва Бахтиёр Иброҳимов ҳамчун роҳбари бадеии ин ансамбли номдор талош бар он дорад, ки дар атрофаш ҳунармандони беҳтаринро ҷамъ карда, шӯҳрати “Гулшан”-ро дубора барқарор созад.


Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ин ҳунарманди хушзавқро бо ҷашни милодаш сидқан муборакбод гуфта, ба Бахтиёр Ибрҳимов умри дарози бобаракат, расидан то ба 100 солагӣ, парвозҳои баланди эҷодӣ ва амалӣ гаштани тамоми нақшаю орзуҳои наҷибашро дар зиндагӣ таманно доранд.


Азизо, синни панҷоҳат муборак,
Шукӯҳу шони дилхоҳат муборак,
Тапидан мисли соат бе танаффуз,
Барои қалби огоҳат муборак,
Ҷавониву тароватбору сабзӣ,
Нигоҳи неки Аллоҳат муборак
Гирифтан домани сад соли дигар,
Расидан то ба шоҳроҳат муборак!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД