Formula novemver 2024
БАХТДУЗДРО ХУДО МЕЗАНАД!
30.08.2021
ДИЛОШУБ
4054

 

Зиндагӣ таззодҳое дорад, ки ҳеҷ ба ақли одамӣ рост намеояд, мардум дар замони мо он қадар бераҳм шудаанд, ки барои манфиати худ шуда, ҳатто тайёранд модари худро фурӯшанд.

Кисмати ман низ хеле сангину ногувор аст, шояд аз қисса намудани он ягон мушкили ман ҳал нашавад, вале дилам холӣ мешавад…

                            Занкалон

Падару модари ман се фарзанд доштанд, ману ду додарам, онҳо барои мо зиндагии хуберо фароҳам оварда буданд. Падарам модарамро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошту аз хати кашидаи ӯ берун намебаромад. Ин амали модарамро пайвандон дида, ба вай «занкалон» лақаб монда буданд. Модарам аз авлоди падарам касеро писанд намекард. Миёни даҳ фарзанди бибию бобоям падари ман кенҷагӣ буданду бибиям бо мо зиндагӣ мекарданд, бобои падариямро ёд надорам. Модаркалонам низ модарамро дӯст медоштанд ва ҳеҷ гоҳ дар назди касе бадаш намегуфтанд, аммо чун он кас бемори бистарӣ шуданд, модарам ӯро ба хонаи амаки калониям бурда монд. “Ман то охири умраш нигоҳ кардам, бас аст, акнун шумо нигоҳ кунед, кампир танҳо шавҳари маро ба дунё наовардааст ку?!”, - чунин буд гапи келини дӯстдоштаи модаркалонам, ки баъди бурда, дар хонаи писари калонияш партофтан, дигар ёди кампири бечора накард. Модаркалони бечораам шаш- ҳафт моҳ беморӣ кашиданду аз дунё рафтанд, зани амакам мегӯяд, ки то дами вопасин номи модару падари ман дар забонаш буд. Падарам низ аз тарси модарам ба хабаргирии модараш намерафт, ҳатто дар ҷанозааш бегонақаторӣ рафту баргашт. Модарам парвои дунё надошт, мехӯрду мегашт, хешу таборони худаш меҳмони доимии хонадони мо буданд. Шаш хола ва ду таѓоям сари дастархони мо менишастанду мехӯрданду мегуфтанду…мо низ пайвандони модарамро зиёдтар дӯст медоштем.

                              Қишлоқии шаҳришуда

Модарам аз ду писараш дида, маро зиёдтар дӯст медошту ҳама хостаҳои маро иҷро мекард. Мактабро бо баҳои хуб хатм кардаму пайи амалӣ кардани орзуҳои модарам ба Донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супоридам. Ба гурӯҳи шартномавӣ дохил шудам, вале шаҳр маро зуд дигар кард. Дар як муддати кӯтоҳ тарзи ороиши мӯю рӯй ва либоспӯшии худро дигар кардам. Дар биное, ки иҷора менишастам, духтаракони бероҳа зиёд буданд. Бо онҳо ошноӣ пайдо карда, ҳамроҳашон ба маҳфилу маъракаҳои мардони айёш мерафтам ва боре дар як нишаст бо марди сарватманди аз худам бист сол калон ошноӣ пайдо кардам. Бо Назар бо ҳам унс гирифтему домани исматамро низ ӯ доѓдор кард, баъд ман даст аз домонаш нагирифтам, ки “маро зани дуюм карда гир”. Назар розӣ шуд ва ман аз баҳри хондан баромада, ба волидонам гуфтам, ки шавҳар мекунам. Модарам чӣ ҳиллаҳоеро ба кор бурдаву маро гӯё ба бачаи безан ба шавҳар медода бошад, тӯйи бошукӯҳе барои ҳамдеҳагон барпо намуд. Ман зани дуюми Назар шудам ва барояш писараки зебое таваллуд намудам, зиндагии шоҳона доштам. Дар ҳавлии бошукӯҳи дорои шароити беҳтарин зиндагӣ мекардам. Шавҳарам бароям тамоми шароитро фароҳам оварда буд, мушкилам як чиз буд, дар як ҳафта як бор омадани Назар ва мушкили танҳоии маро модарам ҳал кард…

                     Холадухтари беҳтар аз хоҳар

Модарам духтари холаи калониямро, ки аз шавҳараш баъди ду моҳи тӯйи арӯсияш ҷудо шуда буд, ба ҳавлиям оварда, “ёрдамчият мешавад” гуфта, монду рафт. Шавҳарам низ хурсанд шуд, ки акнун ѓами танҳоии маро намехӯрад. Шамсия тамоми кору бори хонаро карда, дар тарбияи писарам низ ба ман ёрӣ мерасонд, ман аз ғамхории холадухтарам хушнуд, барояш чизеро дареғ намедоштам. Дар рӯзи таваллудам шавҳарам бароям мошин тӯҳфа кард ва гуфт, ки ба бозору маѓоза ва сайру гашт бо мошини худат равӣ, дилам пур мешавад. Акнун мо ҳар бегоҳ ба боѓу гулгаштҳо барои тамошо мерафтем.

Боре ғизои шомро дар як тарабхона тановул кардему он ҷо ҷавонмарди болобаланди зебое аз қафоямон шуд. Шамсияи шӯху бало рақами телефонашро ба он ҷавонмард дод, вале ҷавонмард маро мехостааст. Он ҷавон, ки тоҷир будаасту Афсар ном доштааст, шабу рӯз занг зада, ба ҷону ҳоламон намемонд. Як рӯз Шамсия гуфт: “Гулчин, чӣ ин қадар ноз мекунӣ, ҳозир шавҳару дӯстдошта доштан мӯд аст. Баъд гумон дорӣ, ки шавҳари ту ғайри ту ва зани аввалаш маъшуқа надорад?! Дар як ҳафта ба зӯр як бор меояду…” Хулоса, Шамсия он қадар бехи гӯшам варсоқӣ хонд, ки ман бо Афсар шинос шудаму сар шуд ишқи пургуноҳи мо. Оҳиста-оҳиста Афсар хонаамон омада, шабҳо мемонд, ман ҳам гӯру қиёматамро сӯхтаву ба рӯйи некиҳои шавҳарам пой монда, ба ӯ хиёнат кардам. Шамсия бошад, маро таърифу тавсиф мекарду аз ҳисоби пулҳои барои ман гузоштаи Афсар барои худаш ҳар гуна коло мехарид. Айши ҳароми мо то даме давом кард, ки…

                   Мор дар остин

Назар асосан рӯзҳои шанбею якшанбе назди ман меомад, вале як шоми душанбе бо қаҳру ғазаб вориди хона шуда, маро зери мушту лагат гирифт. ӯ асабӣ шавад, ҳақорат медоду ҳеҷ гоҳ ба сарам даст набардошта буд, ман аз дард фарёд зада, чӣ хостанашро пурсидам. Шамсия писаракамро гирифта, берун гурехт, баъд Назар маро рӯйи диван шинонда гуфт:

-Ба ту, фоҳиша, чӣ намерасид, ки ба ман хиёнат кардӣ?!

Чун ман қасами бисёре хӯрдам, ӯ наворҳои ишқварзиҳои маро бо Афсар аз планшеташ нишонам дод. Дигар ҷойи худсафедкунӣ набуд, Назар шабакӣ маро ба мошинаш шинонида, ҳамроҳи писарам ба хонаи модарам бурд, вале Шамсия дар хона монд. Ҳамин қадар гуфтам, ки духтархолаамро низ бо худ мегирем, ӯ ба гапам гӯш надод, мо нимаҳои шаб ба ноҳия расидем. Модарам аз дидани наворҳо ва ҳарфҳои домодаш фишораш баланд шуда, ба замин афтид. Назар ба ин аҳамият надода, аз дар берун шуд, ӯ ба зориҳои падарам, ки ғайри “а бача, ин чӣ гап”, дигар чизе ба забонаш намеомад, гӯш надода, аз дар берун шуд. Модарам баъди даҳ рӯз ба худ омад, ӯ маро он қадар дӯст медошт, ки фақат “хато кардӣ, духтарам” мегуфту халос. Модарамро ҳушаш ба сараш заду аз ман пурсид, ки Шамсия канӣ?! Ман гуфтам, ки шояд гурехта, хонаашон рафта бошад, чун ба холаам занг задем, ӯ забон хоида, намедонам гуфт. Баъдтар худи Шамсия занг зада гуфт:

-Холаҷон, дигар ба очаам занг зада, ба асабаш нарасед, Назар маро ба никоҳаш даровард, маро бубахшед, ин айби ман не, айби духтари шумо.

Модарам як оҳ гуфту ба замин афтид ва рӯзи дигар ба ҳуш наомада, оламро падруд гуфт. Баъди марги модарам фаҳмидам, ки Шамсия, мори дар остин парвардаам, бо нақшаҳои кашидааш маро хонавайрон карда, дар хонаам ҷо шудааст.

Хонандагони азизи «Оила», ин номаи ман ҳаргиз худсафедкунӣ нест, агар ман ақлу тамизу иффат медоштам, аввалаш хонданро партофта, зани дуввум намешудам, баъд ба ҳамсарам хиёнат намекардам. Вале Шамсияи модаркуши бахтдузди роҳзанро низ Худо мезанад! Бовар дорам…

     Гулчин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД