Sebiston new 2024 october
БАХТДУЗД НЕСТАМ
13.08.2021
Оила
5018

...Як рӯз як ҷавонмарди ситорагарми қоматбаланди зебо вориди салон шуд. Салони мо барои занҳо буд ва ман ӯро ба ҳуҷраи кориям дароварда, мақсадашро пурсидам.

Ӯ бо ханда гуфт, ки “пӯсти рӯям зуд-зуд кафида, дурушт мешавад, ман вақти духтур рафтану табобат карданро надорам. Аз ҳамин мағоза шампун харидаму чашмам ба салонатон афтида, хостам як маслиҳат гирам”. Ман ба мард, ки худро Диловар муаррифӣ кард, чанд тавсия додаму чанд витамин навиштам. Пули “ин барои консултатсия” гуфта мондаашро нагирифтам ва ҳамин тавр, оғоз ёфт шиносоии мо. Дигар Диловар бо ҳар баҳона ба назди ман меомад ва ман ба ин марди меҳрубон дил бастам...

Нозияи Кароматулло: Ман модари хушбахт ҳастам!

...Чанд нафари огоҳ аз зиндагии Нозия навиштаанд, ки ягона писари овозхон Абӯбакр ном дошта, санаи 7-уми августи имсол 4-сола шуд. “Он рӯзи фаромӯшнашавандаро ёд дорам, ки ба ман гуфта буданд: “Муборак шавад, соҳиби писар шудӣ”. Аз ҳамон вақт ман модари хушбахт ҳастам ва мехоҳам, ки писари азизам низ хушбахт, сиҳату саломат ва муваффақ бошад”,-навиштааст Нозияи Кароматулло дар Инстаграм ва ба писараш умри дарозу зиндагии осуда таманно кардааст. Нозия соли 2014 ба шавҳар баромад ва ҳамин тавр, панҷ сол (2014-2019) аз саҳна канор рафт. Овозхон сабаби як муддат аз саҳна дур буданашро ба таваллуд ва тарбияи фарзандонаш рабт додааст...

Занам саҳроӣ шуд...

...Чанд рӯз пас аз қадимӣ будани хонаву гандагии ҳамсояҳои маҳалла шикоят кард. Худи ҳамон ҳафта хонаро фурӯхта, аз кӯчаи дигар ва наздиктар ба марказ як хонаи зебо харидам, аммо боз ҳам мебелу таҷҳизот ба занам писанд наомад. Маҷбур шудам, ки онҳоро ба кӯҳнабозор барораму бо нархи арзон фурӯшам, ҳарчанд ба назари ман кӯҳна набуданд. Маҷбур ба болои пули аз фурӯши мебелҳо пайдокарда, боз бештар маблағ монда, ҷиҳози нав харидам. Муддате рӯзгорамон тинҷ шуд. Болои ҷойнамоз дуову шукр мекардам, ки ба зиндагии осуда расидем. Аммо ин дер давом накард. Баъд аз ду- се моҳ дидам, ки табъи занам боз хира шуд...

Нараки пешонӣ аз кадом беморӣ дарак медиҳад?

...Чаккаҳои рӯятон чӯкида бошанд, аз хоб сер карданатон лозим. Рангу рӯи парида аз фишори паст, камхунӣ, заъфи гурда далолат мекунад. Ранги аз ҳад зиёд парида нишонаи бемории шуш ва халалёбии кори узвҳои ҳозима аст. Рангу рӯйи зард аз ҷигари бемор ё талхадон, ранги сурх аз фишори баланди бар асари дилзании сахт баамаломада гувоҳӣ медиҳад. Аз ҳад зиёд пӯсти нарм доштан нишонаи тарбод (ревматизм) ва нуқрис (падагра), бемориҳои гурда ва пешобдон аст. Пӯсти сард ва тар аз бемории ҷигар ва пӯсти дар ҷавонӣ пурчиншуда аз бемории ғадуди зери меъда дарак медиҳад...

Қабр майитро ба ғор партофт

...Дар асл аз модари ман дида, бадбахттар касе набуд. Лекин ӯ инро намедид. Модарам аз рӯи ҷоҳилӣ бо кадом зане, ки дар кӯча ҷанҷол мебардошту кори кардааш табъи дил анҷом намеёфт, баргаштан замон додараки хурдиямро ончунон мезад, ки кӯдак нафасаш ба дарун меафтод. Як рӯз баъд аз зарбаҳои пай дар ҳами модарам додарам бемори сахт шуда, ақлашро аз даст дода буду гапи гуфтаашро ҳам ба зӯр мешунидем. Ҳатто хӯрок хӯрда наметавонист, қошуқро гирифта, ба модарам менигаристу оби чашмонаш рухсораҳояшро тар мекард. Ҳамин тавр, ҷавони чорпаҳлӯ шуду лекин ақлаш намерасид. Як субҳ модарам падарамро дашномҳои беохир дода, қаҳрашро ба сари додари беморам холӣ кард...

Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 31-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 11-уми августи соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52

“Маро танҳо нагузор”

Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД