ИДОМААШ...
Фаёз, ки духтур буд, пеш аз ҳама хуну халафашро бо пахтаю спир тоза кард, то ягон инфексия ба ҷисми зан роҳ ёфта, аҳволаш боз ҳам вазнинтар нашавад. Андоми нозуки ҷавонзан ягон ободӣ надошт. Фаёз баъди шӯстану бастани захмҳо ба ҷойи кораш телефон карда, якрӯза ҷавоб гирифт ва ба бадани ҷавонзан доруҳои қувватбахш гузаронд. Соатҳои дувоздаҳ ҷавонзан, ки тақрибан 20-25 сол дошт ба ҳуш омад ва бо забони шикастаи русӣ пурсид:
-Ман дар куҷоям?
Фаёз забони тоҷикиро олӣ медонист, зеро падараш ҳамеша бо ӯ тоҷикӣ гап мезад, аз ин рӯ, мушкили бозёфташро осон карда гуфт:
-Ман шуморо аз партовгоҳ ёфтам…
-Шумо тоҷикед?-Бо ҳайрат пурсид ҷавонзан.
-Бале, тоҷик, Фаёз ном дорам,- гӯён табассум кард.
Ҷавонзан зорикунон гуфт:
-Илтимос, ба касе дар бораи ман гап назанед, ки маро мекушанд…
Зани «наркобизнес»
Ҷавонзан, ки Сабоҳат ном доштааст, қариб як моҳ дар хонаи Фаёз табобат гирифта ба худ омад. Дар ин муддат Фаёз ягон бор аз ӯ дар бораи сарнавишташ ягон чизе намепурсид. Як рӯз худи Сабоҳат ба ӯ дарди дил карда гуфт:
-Ташаккур ба шумо, ки маро аз марг наҷот додед. Гумон накунед, ки ягон зани бероҳа ё дайдуям. Падарам корманди сохтори ҳуқуқӣ ва дар Тоҷикистони худамон одами бо обрӯ буданд, вале қурбонии ҷанги бародаркуш гаштанд. Ман нав омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда будам, ки як марди камонбадаст маҷбуран маро зани сеюм карда гирифт. Модарам маро дар ду дунё ба он марди хунхор намедод, вале аз тарси ҷон ба ин кор розӣ шуд, зеро ӯ қумандон буд ва дар назди мо шарт гузошта гуфт: «Духтарат, агар ба хубӣ зани ман шудан нахоҳад, ҳарду писаратро кушта, баъд ӯро дар пеши назарат таҷовуз карда, баъдан ба 10 сарбози гурусна туҳфа менамоям. Худат нағз медонӣ, ки он сарвайронҳо духтаратро чӣ кор мекунанд…»
Ба хотири додараконам ман ба қурбонӣ розӣ шуда, ба никоҳи он ҷалод даромадам. Шавҳарамро ҳама «наркобизнес» мегуфтанд, зеро хурду калон хуб медонистанд, ки ба фурӯши маводи мухаддир сару кор дорад ва ҳама дағдағааш аз пушти ҳамон «марги сафед»-и зормонда аст. Ба таври худаш вай маро дӯст медошт ва ба куҷое, ки наравад, ҳамроҳи худ мебурд. Чанде пеш мо ба Маскав омадем. Намедонам байни шавҳараму дӯстонаш чӣ низое бархост, ки онҳо ӯро бисёр бераҳмона куштанд. «Аввал мурдаро ба Ватан фиристода, баъд туро гусел мекунем, янга» ваъда дода буд яке аз ҷӯраҳои шавҳарам, аммо ӯ ҳам бедарак шуд. Ҳамин тавр ман дар ин шаҳри калон танҳо мондам. Як шом чор нафар марди яроқнок, ки бо забони ба ман тамоман бегона гап мезаданд, зада ба хонаам даромаданд…. Дигар чӣ шуд, дар ёд надорам. Вақте ба худ омадам, шуморо дар болои сарам дидам…
Фаёз нақли Сабоҳатро бодиққат гӯш карда гуфт:
-Метавонӣ дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда гардӣ. Ту ба ман ҳеҷ вазнинӣ намеорӣ, баръакс, маро аз ташвиши кору бори хона халос кардӣ. Фақат як илтимос, дар набудани ман дарро ба рӯйи касе накушо…
Наҷотбахш
Ҳамин тавр панҷ соли дароз Фаёзу Сабоҳат дар як хона зиндагӣ карданд. Онҳо ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ҳам, ҳеҷ гоҳ аз ишқу муҳаббат сухан намекарданд. Вақте ки Тоҷикистон тинҷу осуда гашт, ду бародараш ба суроғи Фаёз омаданд. Аз дидани амакбачаҳояш сари Фаёз ба осмон расид. Онҳо аз марги амакашон хеле афсӯс хӯрда, ӯро ба Тоҷикистон таклиф карданд ва тақдири Сабоҳатро шунида, ба Фаёз маслиҳат доданд, ки ба ин ҷавонзани меҳрубони хоксор хонадор шавад. Пас аз рафтани онҳо Фаёз дар ин бора бо Сабоҳат маслиҳат кард. Ҷавонзан нигоҳашро гурезонда гуфт:
-Ман кайҳо боз шуморо дӯст медорам, аммо то модарамро наёбаму аз тақдири додараконам бохабар нашавам…
Бахти дермонда
Пас аз як моҳи ин гуфтугӯ Фаёзу Сабоҳат ба Тоҷикистон сафар карданд ва аввал ба хонаи модари Сабоҳат рафтанд. Модари зор бо дидани духтараш, ки кайҳо маъракаҳояшро дода буд, аз ҳуш рафт. Бародарони Сабоҳат алаккай ба камол расида, яке корманди милисаю дигарӣ тоҷир будааст, додари калонияш ҳатто хонадор шудааст.
Модари Сабоҳат ба шарафи омадани духтараш маърака орост. Тамоми хешу табор гумон доштаанд, ки Сабоҳатро низ ҳамроҳи шавҳараш куштаанд, зинда будани ӯро дида, ҳама шукрона мекарданд.
Рӯзи дигар додаронаш як маъракачаи хоксоронаи дигар ороста Фаёзу Сабоҳатро никоҳ карданд…
Ҳақиқати зиндагӣ
Сабоҳату Фаёз баъди ду рӯзи никоҳашон ба хонаи амаки ӯ роҳ пеш гирифтанд. Хурсандии пиру кампирро ҳадду канор набуд, онҳо Фаёзро ба оғӯш гирифта, ашки шодӣ мерехтанд. Ҳафт авсуну чор хоҳаршӯ дар гирди Сабоҳат парвона буданд…
Дар серӯзагии меҳмондорияшон як шом амаки Гулмаҳмад дар назди аҳли оила ва хешу табор ҳақиқати ҳолро ба Фаёз гуфт. Холаи Адолат аз писараш бахшиш пурсид, ки дар вақташ ӯро дар Маскав партофта омад. Фаёз ғайричашмдошти онҳо табассум карда гуфт:
- Амакҷон, ман инро кайҳо медонистам… Ҳангоми донишҷӯйиям як рӯз падару модарам маро надида, ин воқеаро ёдовар шуданд. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту пинҳонӣ аз онҳо ташхис гузаронидам. Падарам ба ман хеши наздик баромаду модарам бегона, аммо аз ин хафа нестам. Онҳо ба ман одамгарӣ, ҳақиқат ва нангу номусро омӯхтанд. Шуморо низ мисли онҳо азиз медорам…
Сабоҳат пиру кампирро ба ҳолашон нагузошта, ба Маскав бурд. Минбаъд онҳо, то буданашон сарморо дар Маскав сипарӣ мекарданду гарморо дар Тоҷикистон…
Ҳоло Файёзу Сабоҳат зиндагии бофароғат доранд. Ҳарду табибанду ба мардум хизмат мекунанд. Чанд ҳафта пеш ин оилаи хушбахт аз Тоҷикистон барои писарашон Сомон келин бурданд. Духтарашон Марям низ шавҳари тоҷик карданист….
Хулоса, бахт бошад, кифоя аст, онро аз куҷо меёбӣ, муҳим нест….
Дилошӯб