Рӯзи 4-уми март, соати 10:00 дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, дар намоиш-фурӯши китоб дӯстдорони китобҳои илмию бадеӣ ва таърихию соҳавӣ метавонанд аз ин намоиш китобҳои тозанашрро харидорӣ намоянд.
- Ҳамчунин аз намоиш-фурӯши китоб маҷмуаи дастҷамъонаи шоирони тоҷик таҳти унвони «Авсофи модар», китоби «Дасти дуои модар»-и Лоиқ Шералӣ (чопи нав), «Чароғи дуо»-и Камол Насрулло ва маҷмуаи шеърҳои Давлат Сафар «Қанде, ки аз остини модар хӯрдам»-ро метавон дастрас намуд,- меафзояд манбаъ.