Formula novemver 2024
БАДҶАҲЛИИ ШАВҲАР НАМЕФОРАД
24.03.2021
ОИЛА
3431

 

Шавҳарам Иброҳим марди хеле худхоҳ ва худпараст аст. Дар ҳама кор ақидаи худро иброз дошта, ҳамеша худашро ҳақ меҳисобад. Фикри дигаронро ҳатто гӯш намекунад.

Ҳар чизи пешниҳод кардаамро инкор мекунад, аҳёнан мегӯяд, ки дар ин хусус фикр карданаш лозим аст. Гуфтаи ӯро бояд мо бе чуну чаро гӯш карда, паи иҷрояш шавем, гӯё ки вай шоҳ бошаду мо ғуломони ҳалқабаргӯшаш! Рафту гапи ӯро ду кардем, қиёмат қоим мешавад. Касе ба чашмони ӯ нигоҳ кунад, душман мешавад. Чунон бадҷаҳлу асабӣ аст, ки ногуфтанӣ. Чӣ гуна ба шавҳарам фаҳмонам, ки ман бо ӯ баробарҳуқуқам ва маро мисли хидматгор ё шахси беруна наҳисобад? Хонандагони азизи “Оила”, шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

 

Роҳат, ш. Душанбе



Маслиҳат:

Мутаассифона, яке аз сабабҳои чунин хислат гирифтани шавҳаратон дар он аст, ки шумо ба ӯ ин имконро фаро овардаед. Вай мард аст, бояд корҳои ба худаш хоси оиларо ӯҳда кунад, масалан, хариди маводи рӯзгор, таъмири шикасту рехти хона, таъмини тифлакон бо хӯроку пӯшоку лавозимоти мактабӣ ва ғайра.
Чаро ба дурустиву нодурустии гапҳои ӯ гӯш медиҳед? Албатта, ба шавҳар итоат кардан лозим аст, аммо ин маънои ғуломи ӯ шуданро надорад. Ба шумо чунин маслиҳат медиҳем: бинобар он ки маслиҳатамон дар баробари манфиатнок буданаш андаке хатарнок ҳам ҳаст, эҳтиёткорона, аммо бо қатъият ба гуфтаи худ истед, ба фикри шавҳаратон, ки табъи дилатон нест гӯш надиҳед. Бигзор, ӯ донад, ки шумо соҳибхона ҳастед, ҳақи гап задану
медонистаатонро бо хости дилатон карданро доред. Дуюм, бо
шавҳаратон баҳс накарда, ҳангоми хуш будани табъаш аз ӯ хоҳиш намоед, ки корҳоро мувофиқи хостаи шумо анҷом диҳад. Масалан, «Азизам, биё тахтакатро зери сояи девор гузорем» ё «Ин парда кӯҳна шудааст, навашро мехарем».
Мабодо шавҳаратон фикри шуморо инкор намояд, «хуб шудааст» гуфта розӣ нашавед. Дар гапи худатон истед. Ин усул шавҳаратонро бахуд хоҳад овард. Аммо аз муваффақият сӯистеъмол накунед, шавҳаратон худро занкалон эҳсос карда, бори дигар танобро ба даст гирифтанаш мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД