Афзоиши зӯроварии хонаводагӣ ва аз ҷониби шавҳар, падар, бародар ва дигар шахсони наздики худ мавриди шиканҷа, лату кӯб ва ҳатто қатл қарор гирифтани занону духтарон солҳои охир ба як дарди ҷонсӯзи ҷомеаи мо табдил ёфтааст.
Анқариб ҳар ҳафта хабари дар ин ё он минтақаи кишварамон бо дасти шавҳар, бародар ё аъзои дигари хонавода ба таври ваҳшиёна кушта шудани зан ё духтаре расонаӣ мегардад. Бадахшон ягона минтақи ҷумҳурӣ буд, ки қатлу кушторҳои хонаводагӣ дар он ҷо қариб ба назар намерасидаанд, вале ин падидаи номатлуб ва дилхарош ба ин мавзеи дурдасти кишварамон низ расид. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз марги як зани 29-солаи тоҷик аз дасти шавҳар дар Бадахшон хабар додааст.
Ба иттилоъи манбаъ, ҳодиса як рӯз қабл, яъне санаи 3-юми август дар ноҳияи Рӯшон сар зада, байни як ҷавонмарди 29-солаи сокини ин ноҳия ва ҳамсараш ҷангу ҷанҷол ба миён омадааст. Дар ҷараёни ин моҷарои хонаводагӣ шавҳар занро бераҳмона лату кӯб мекунад. Дар натиҷа ҷавонзани 29-сола бар асари мушту лагади бераҳмонаи шавҳар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Пайвандонаш ҷисми озордидаи ин зани ормониро ба хок супурданд, нисбати марди муштзӯр бошад, парванда оғоз ёфта, тафтишоти ин қазияи пурфоҷиа аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.